«Тоҷиксодиротбонк» вазъ бо кортҳоро шарҳ дод

Танаффусҳои имконпазир вобаста ба хизматгузориҳо аз рӯи кортҳои бонкиро дар «Тоҷикисодиротбонк» ба гузаштани ин ниҳод ба маркази протсессинги худӣ нисбат медиҳанд. «Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз санаи 10.03.2016 то 25.03.2016 бинобар сабаби гузаронидани корҳои техникӣ вобаста ба гузариш аз протсессинги Рукард ба протсессинги худӣ, эҳтимолияти рӯй додани номунтазамии хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ мавҷуд аст», […]

ASIA-Plus



Танаффусҳои имконпазир вобаста ба хизматгузориҳо аз рӯи кортҳои бонкиро дар «Тоҷикисодиротбонк» ба гузаштани ин ниҳод ба маркази протсессинги худӣ нисбат медиҳанд.

«Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки аз санаи 10.03.2016 то 25.03.2016 бинобар сабаби гузаронидани корҳои техникӣ вобаста ба гузариш аз протсессинги Рукард ба протсессинги худӣ, эҳтимолияти рӯй додани номунтазамии хизматрасонии кортҳои пардохтии бонкӣ мавҷуд аст», – омадааст дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи расмии бонк..

Ҳамчунин барои нороҳатиҳои пешоварда бонк аз мизоҷон маъзарат мехоҳад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол оид ба қобилияти пардохтпазирӣ надоштан ва муфлисшавии «Тоҷиксодиротбонк» овозаҳо шунида мешаванд.

Аввали моҳи феврал раиси бонк Тоҷидддин Пирзода

зимни мусоҳиба ба АМИТ «Ховар»

дар паҳншавии чунин овозаҳо доираҳои махсусеро гунаҳкор кард. «Яъне доираҳои манфиатдоре вуҷуд доранд, ки бо мақсади халал ворид намудан ба рушди иқтисодии кишвар ва ба таҳлукаву нобоварӣ андохтани ҳамватанони мо даст ба паҳн кардани ҳар гуна овозаҳо мезананд», – иброз дошта буд раиси бонк.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии бонк зикр мегардад, ки бо қарори Шӯрои нозирони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк», ба санаи 19 марти соли равон маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони бонк таъин шудааст.



Маводи бештар мукаммал дар ин хусусро аз шумораи нави газетаи «Азия-Плюс», ки имрӯз, 14 март ба фурӯш бароварда шуд, дарёфт карда метавонед.


 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова