Душанбе Наврӯзро бо фейерверк пешвоз мегирад

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нақшаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахтро ба имзо расонид. Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, субҳи барвақти рӯзи 21 март ҳангоми тулӯъи офтоб дар боғи Ғалабаи пойтахт мушакпарронӣ (фейерверк) сурат мегирад. Ба иттилои манбаъ, таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев

нақшаи таҷлили ҷашни Наврӯз

дар пойтахтро ба имзо расонид.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, субҳи барвақти рӯзи 21 март ҳангоми тулӯъи офтоб дар боғи Ғалабаи пойтахт мушакпарронӣ (фейерверк) сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, таҷлили бошукӯҳи Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 21 март тавассути «Корвони наврӯзӣ» бо карнайнавозону доирабадстон аз маҳаллаҳои «Бадахшон»-и ноҳияи Шоҳмансур, «Кӯҳдоман»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, «Лучоб»-и ноҳияи Сино, шаҳраки 23 ноҳияи Фирдавсӣ ба самти маҷмааи Наврӯзгоҳ оғоз гардида, соати 10-30 дар ин ҷо чорабинии асосии шаҳрӣ -консерти устодони санъат ва ҳунарнамоии намояндагони ҳамаи ноҳияҳои пойтахт доир мегардад.

Тибқи қарори қабулшуда, рӯзи 22 март дар тамоми боғҳои фарҳангу фароғати Душанбе сайругаштҳои оммавии сокинон ва меҳмонони пойтахт ва консертҳо баргузор мешаванд. Дар ин рӯз дар маҷмааи Наврӯзгоҳ мусобиқаҳо оид ба гуштии миллӣ доир гардида, ҷоизаи асосӣ автомашинаи сабукрав хоҳад буд.

Санаи 23 март иди Наврӯз дар сатҳи ноҳияҳои шаҳр ҷашн гирифта шуда, дар маҷмааи Наврӯзгоҳ пойгаҳои аспдавонӣ баргузор мешаванд ва ҷоизаи асосии ин мусобиқот аспи зотии даванди тоҷикӣ аст. Рӯзи 24 март дар тамоми шаҳр чорабиниҳои оммавии кабудизоркунӣ гузаронида мешаванд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.