«Ким Кардашяни тоҷик» дар маҷаллаи итолиёвии Donna

ASIA-Plus

Дар шумораи тозанашри маҷаллаи итолиёвии Donna доир ба тарроҳ (дизайнер)-и тоҷик Макнуна Ниёзова мавод нашр шуда, маҷалла ӯро «Ким Кардашяни тоҷик» номидааст. Маҷаллаи итолиёвӣ барои бонувон – Donna бори нахуст акси духтари тоҷик – тарроҳи ҷавони тоҷик ва мудири кафедари лоиҳакашии бадеии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Макнуна Ниёзоваро чоп кард. Валентина Равизза, муаллифи мавод Макнуна Ниёзоваро […]



Дар шумораи тозанашри маҷаллаи итолиёвии Donna доир ба тарроҳ (дизайнер)-и тоҷик Макнуна Ниёзова мавод нашр шуда, маҷалла ӯро «Ким Кардашяни тоҷик» номидааст.

Маҷаллаи итолиёвӣ барои бонувон – Donna бори нахуст акси духтари тоҷик – тарроҳи ҷавони тоҷик ва мудири кафедари лоиҳакашии бадеии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Макнуна Ниёзоваро чоп кард.

Валентина Равизза, муаллифи мавод Макнуна Ниёзоваро «Ким Кардашяни тоҷик» унвон карда, навиштааст, ки ӯ дар намоиши қарибулвуқӯъи мӯди Осиё дар Кореяи Ҷанубӣ иштирок мекунад. Моҳи сентябри соли гузашта Макнуна Ниёзова дар озмуни Face of Central Asia (Симоҳои Осиёи Марказӣ) пирӯзӣ ба даст оварда, ба иштирок дар ин намоиши мӯд даъват шуд.

Макнуна Ниёзова ягона тарроҳ аз Тоҷикистон буд, ки дар озмуни «Симоҳои Осиёи Марказӣ» дар Қазоқистон ширкат варзид. Муаллифи мавод менависад, «ӯ ба ҳозирини озмун сарулибоси миллии тоҷикиро ба маърази тамошо гузошта, тавассути эҷоди худ ба пешрафту муаррифии фарҳанги хосса ва ҳунари мардуми худ саҳм гузошт».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Моҳрухсор Сафиева то даргузашти Иқбол Тешаев ва Рӯзи ҷаҳонии ахлоқ

Душанбе аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар дод. Суғд дар як рӯз 46%-и нақшаро пур кардааст

Дар рӯзи якуми маъракаи баҳории даъват ба артиш, нақшаи он дар тамоми кишвар 54,3% иҷро шудааст.

“Ҳамчун арзёбии пурра қабул кардан дуруст нест”. Вокуниши Оҷонсии ҳавошиносӣ ба радабандии пажуҳишгоҳи “IQAir” дар бораи ҳавои ифлоси Тоҷикистон

Пажуҳишгоҳи “IQAir” дар як гузориш навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистон аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

“Сомон Эйр” аз оғози парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе – Уфа – Душанбе хабар дод

Маълум кардем, ки кай парвоз оғоз мешавад ва нархи чипта чанд аст.