Табдили номи боз як қатор кӯчаву хиёбонҳои пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе дар бораи рӯзи 14 апрел баргузор шудани иҷлосияи навбатии панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум қарор ба имзо расонид. Тавре дар сомонаи шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар иҷлосия номзад ба аъзогии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба ивази аъзои хориҷшуда собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе дар бораи рӯзи 14 апрел баргузор шудани

иҷлосияи навбатии панҷуми

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.

Тавре дар сомонаи шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар иҷлосия номзад ба аъзогии  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба ивази аъзои хориҷшуда собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Бахтиёр Худоёрзода дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 пешбарӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар иҷлосия ҳамчунин масоили марбут ба омодагиҳо ба таҷлили

25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт ва номгузорӣ ва номивазкунии маҳалла, кӯча, майдон, хиёбон, боғ, пул ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе низ баррасӣ мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ба рӯзномаи иҷлосия ҳамчунин масъалаи тасдиқи қарорҳои қабулан қабулшдаи раиси пойтахт низ ворид карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.