spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Навори аз Остона хориҷ шудани бомжҳо дар давраи намоиши «ЭСКПО-2017»

Дар шабакаи Интернет наворе нашр шуд, ки дар он афроди бидуни қайду ҷойи зист (бомж), ки дар давраи баргузории намоиши байнулмилалии «ЭКСПО-2017» аз пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона хориҷ шудаанд, намоиш дода мешавад. Angeff Evich ин сабтро дар саҳифаи худ дар Facebook гузоштааст.

Хабаргузории Лента.ру менависад, дар навор дида мешавад, ки як қатори одамон дар канори роҳ қарор дошта, назди онҳо кормандони пулис истодаанд.

МЕДИА (IFRAME)

«Ин одамонро ба берун аз ҳудуди шаҳри Остона бароварда, шояд ба вилояти Қустанай бурдаанд, – қайд мекунад блогернавис. – Миёни онҳо ман ҳатто маъберо бо асо мебинам, ана ҳамин тавр онҳо бо одамон ба мисли партов муносибат мекунанд».

Мақомоти расмӣ доир ба дарвоқеъ шахсони бидуни қайду ҷойи зист будани ин афрод ва баровардани онҳо берун аз қаламрави шаҳр ҳеҷ шарҳе надодаанд. Ҳамчунин ВАО ва блогернависон низ дар навор намоиш додани маҳз чунин ҳодисаро тасдиқ накардаанд.

Бино ба маълумоти нашрияи «Устинка плюс», дар департаменти корҳои дохилии Остона изҳор доштаанд, ки сабти мазкурро шарҳ дода наметавонанд ва тавсия додаанд, ки ба минтақае муроҷиат шавад, ки навор дар он ҷо сабт шудааст. Тибқи маълумоти мақомоти пулис, шахсони бидуни ҷойи зистро «ба маркази мутобиқгардонӣ оварда, шахсияташонро муайян ва ба хешовандонашон супурдаанд».

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10 июн дар пойтахти Қазоқистон намоиши байнулмилалии «ЭСКПО-2017» ифтитоҳ гардида, кори он то 10 сентябр идома меёбад. 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...