Ба муносибати ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолият ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» дар ноҳияи Шоҳмансури поойтахт (кӯч. Н.Муҳаммад 8/1) Маркази нави хизматгузорӣ боз намуд.
Маркази нави бонк дар макони серодам ва қулайи шаҳр ҷойгир шуда, бо тамоми таҷҳизоти хизматгузории фаврӣ ва хушсифати мизоҷон таъмин шудааст.
Маросими ифтитоҳи маркази нав бо иштироки раҳбарияти Бонк доир гардида, онҳо чунин иқдоми зарурӣ ва муҳимро ҳам барои Бонк ва ҳам барои сокинони ин ноҳия таъкид доштанд.
Дар Маркази нави хизматгузорӣ мутахассисони ҷавону аллакай аз таҷрибаи корӣ хуб бархӯрдор ба фаъолият пардохтанд. Ифтитоҳи ҳар кадоме аз марказҳои нав ҷойҳои нави корӣ буда, то ба имрӯз Бонки байналмилалии Тоҷикистон беш аз 200 нафарро бо ҷойҳои корӣ таъмин кардааст.
Мизоҷони бонк аз хизматгузориҳои бонкии ин марказ, аз қабили интиқоли маблағҳо, мубодилаи асъор, дастрас кардани қарз, хизматгузорӣ ба амонатҳо, амалиёт бо кортҳо ва ғайра бароҳат истифода бурда метавонанд.
Қобили зикр аст, ки ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон» 29 феврали соли 2016 аз Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома дастрас кард. Бонк дар заминаи ҶДММ ТҚХ «Стандарт молия» таъсис дода шуд.
Бонк иштирокчии фаъоли бозори хизматгузориҳои бонкии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳад. Шабакаи филиалҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистон аз Дафтари кории асосӣ, чор филиал ва шаш маркази хизматгузориҳои бонкӣ дар Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода ва Шаҳринав иборат аст.
Осонӣ, шаффофият ва эътимоднокӣ сармашқи фаъолияти Бонки байналмилалии Тоҷикистон аст.