Айни замон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд мавсими хушк кардани зардолу ҷараён дорад, ки баъди он зардолуи хушкшуда ё ғулинг барои фурӯш ба минтақаҳои Русия то Шарқи Дур бурда мешавад.
Ҳар кадоме аз шаҳрҳо рамзи худро дорад. Рамзи Исфара зардолу аст. Дар Исфара садҳо ҳазор гектар боғҳои парвариши зардолу нашъунамо доранд. Даҳҳо километр паҳлӯи роҳҳо боғҳои зардолу тӯл мекашанд. Тамоми роҳ аз Конибодом то Исфараро тобистон меваи ширину шаҳдбори ранги зарду норинҷӣ фаро мегирад.
Навори видеои “Азия-Плюс” доир ба тайёр кардани маҳсулоти асосии содиротии Исфара.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.