Корманди милитсия ҷавонзанро аз худкушӣ наҷот дод

spot_imgspot_img

Дата:

Старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Ҷобир Одиназода як ҷавонзани 22-соларо аз дарёи Сир берун овардааст.

Тибқи иттилои ВКД, рӯзи 1-уми ноябр, тахминан соати 10 сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қ.Л. худро бо мақсади худкушӣ аз болои кӯпруки кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд ба дарёри Сир партофтааст. Бо воқиф шудан аз ҳолати мазкур старшинаи ротаи хадамоти пайраҳадории ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Ҷобир Одиназода, ки дар басти навбатдорӣ қарор дошт, худро ба об андохта, ин заро дар рӯ ба рӯйи меҳмонхонаи “Суғдиён” (собиқ меҳмонхонаи Ленинобод) наҷот дод.

Ин амали саривақтӣ боис шуд, ки дар лаҳзаҳои барои ҳаёту саломатӣ ҳалкунанда ҳаёти як инсон ҳифз карда шавад.

Старшинаи милитсия Ҷобир Одиназода 31 сол дорад. Баъд аз адои хизмати ҳарбӣ фаъолияти кориашро аз моҳи декабри соли 2010 аз ХД “Муҳофиза”-и ШВКД дар шаҳри Гулистон оғоз карда, айни ҳол дар ШВКД-и шаҳри Хуҷанд давом медиҳад. Маълумоташ олии ҳуқуқуқшиносӣ.

Барои ғайрату матонат Одиназода Ҷобир Латиф бо “Медали далерӣ” аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...