Дар маркази Душанбе меҳмонхонаи нотамоми “Исмоили Сомонӣ” оташ гирифт

Имрӯз, 5-уми ноябр дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-127 сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд.  “Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Ҳамаи мошинҳои оташнишонӣ, ки мо дорем, ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Кормандони мо дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд”, – гуфт манбаъ. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Имрӯз, 5-уми ноябр дар бинои меҳмонхонаи панҷситорадори “Исмоили Сомонӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ-127 сӯхтор ба амал омад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд. 

“Сабаби сӯхтор ҳанӯз маълум нест. Ҳамаи мошинҳои оташнишонӣ, ки мо дорем, ба ҷойи ҳодиса фиристода шуданд. Кормандони мо дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд”, – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки бунёди меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ҳамасола аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод карда мешавад.

Бунёди иншооти мазкур беш аз 13 сол инҷониб ҷараён дошта, тибқи нақша бояд соли 2020 ба истифода супорида шавад.

“Бовар дорам, ки то соли оянда сохтмони ин меҳмонхона пурра ба анҷом мерасад, – гуфта буд тобистони соли равон раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Ҷамшед Аҳмадзода. – Бунёди бино пурра ҷамъбаст шудааст ва корҳои ороишӣ мондаанд”.

Машғули сохтмони ин меҳмонхона ширкати холдингии “Исмоили Сомонӣ – асри 21” буда, фармоишгари он Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ мебошад.

Маросими оғози бунёди ин меҳмонхонаи 15-уми марти соли 2006 баргузор шуд. Он замон буҷаи умумии сохтмон 30 миллион доллар ҳисоб карда шуд.

Иншооти мазкур дар хиёбони марказии пойтахт ҷойгир буда, масоҳати он 1,5 гектар аст. Интизор меравад, ки бинои меҳмонхона аз 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.