spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатии Афғонистон ҳамла карданд

Дар натиҷаи як ҳамла рӯзи 24 декабр ба бинои ҳукуматӣ дар шарқи шаҳри Кобул 29 кас ҷон бохта, дасти кам 23 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳудуди 300 кас, ки ҳангоми ҳамла дар дохили бино ҳузур доштанд, наҷот дода шудаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар биное, ки ба он ҳамла шуд, Вазорати кори Афғонистон ва чанд идораи давлатӣ ҷойгиранд. Се тани ҳамлагарон дар натиҷаи задухӯрд ва чаҳор тани дигар ҳангоми таркиши мошин ҷон бохтанд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, чанд асири дигар дар дасти гаравгирон боқӣ монда, амалиёти озодсозии онҳо идома дорад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳалокати 29 нафар, аз ҷумла 3 журналисти «Озодӣ» аз амали террористӣ дар Кобул

Шоҳидон гуфтаанд, гурӯҳи ҷангҷӯён нахуст як мошини ҳомили бомбаро тарконда, баъдан ба бино ҳамла карданд. Ягон гуруҳи зиддиҳукуматии Афғонистон то ҳол масъулияти ҳамларо бар зимма нагирифтаанд.

​Гуфта мешавад, ҳамлаи мусаллаҳонаи 24 декабр 22-умин ҳодисаи хунини Кобул аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ аст. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 500 кас ҷон дода, зиёда аз ҳазор нафари дигар захмӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки намояндаи ИМА санами 20 декабр тасмими президенти ин кишвар Доналд Трампро барои ихроҷи 5 ҳазор низомии амрикоӣ аз Афғонистон расман эълом кард. Ин хабар пас аз он нашр шуд, ки Трамп гуфт, ду ҳазор низомии кишвараш Сурияро тарк мекунанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...