Имрӯз дар Остона рӯзи гиромидошти хотираи сарбозони фавтидаи қазоқ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷлил мегар

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Остона рӯзи гиромидошти хотираи сарбозони фавтидаи қазоқ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷлил мегардад. Маҳз ҳамин рӯз 14 сол қабл дар дараи Пшихарв дар муҳорибаи нобаробар 17 сарбози қазоқ ба ҳалокат расида буд. Дар Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2006 ба хотири гиромидошти сарбозони дар ин […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Остона рӯзи гиромидошти хотираи сарбозони фавтидаи қазоқ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷлил мегардад. Маҳз ҳамин рӯз 14 сол қабл дар дараи Пшихарв дар муҳорибаи нобаробар 17 сарбози қазоқ ба ҳалокат расида буд.




Дар Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2006 ба хотири гиромидошти сарбозони дар ин набард фавтида дар боғи «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе лавҳаи ёдгорӣ бо номи 17 нафар сарбоз гузошта шуд ва имрӯз дар шаҳри Остона маросими ифтитоҳи хиёбони Хоираи 17 сарбози қазоқ баргузор мешавад.



Қобили зикр аст, ки аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи августи соли 1999 ҳудуди 2 ҳазор хизматчии низомии Вазорати умури дохилии Қазоқистон дар ҳайати нерӯҳои ИДМ қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Қалаихумбро ҳимоят карда, 50 нафар ҷони худро аз даст доданд. Рӯзи 7-уми апрели соли 1995 дар муҳорибаи шадиде, ки бо муҷоҳидин дар дараи Пшихарв ба вуқӯъ пайваст, якбора 17 нафар сарбози қазоқ ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.