Дар мувофиқа бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30-юми октябр дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат пазируфт.
Тағйироти кадрӣ дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Раёсатҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, шуъбаҳои рақами 2-и ВКД дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, шуъбаҳои якуму дуюм дар ноҳияи Сино ва шуъбаи дуюми ВКД дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамчунин шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои Қубодиён, Балҷувон, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Дӯстии вилояти Хатлон, ноҳияҳои Лахш ва шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба амал омад.
ВКД Тоҷикистон рӯйхати пурраи шахсони ба вазифаҳои нав таъиншударо нашр кард:
– генерал-майори хизмати дохилӣ Раҳмонзода Алихон Футур ба вазифаи сардори Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи муовини аввали сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд;
– полковники милитсия Носиров Анвар Дурманович ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Ализода Анварҷон Ҷума ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ба вазифаи сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Назарзода Бахтиёр Бобо ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам ба вазифаи Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия;
– полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷамил ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилӣ;
– полковники милитсия Зуҳурзода Шамсиддин Боймурод ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе;
– полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ;
– полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло ба вазифаи сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
– полковники милитсия Ваҳобзода Баҳодур Барот ба вазифаи сардори Шуъбаи№2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;
– подполковники милитсия Исмоилзода Зафар Исмоил ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
– полковники милитсия Зубайзода Хайрулло Маҳмуд ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ;
– полковники милитсия Давлатзода Абдусамад Ҳаким ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Лахш;
– полковники милитсия Саидзода Қосим Шариф ба вазифаи сардори ШВКД оид ба хизматрасонии деҳоти «Навобод»;
– полковники милитсия Сайфуллозода Зафар Доранда ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон;
– полполковники милитсия Ҷумъазода Ҳабиб Раҳим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон;
– подполковники милитсия Муҳиддинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон;
– подполковники милитсия Усмонзода Анис Карим ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ;
– подполковники милитсия Азиззода Авазхон Зайдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корхои дохилӣ дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд;
– полковники милитсия Абдурасулзода Аскарҷон Абдурасул ба вазифаи муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.