Даргузашти Аловуддин Абдуллоев ҳунарманди саршиноси ҳаҷву театри тоҷик

spot_imgspot_img

Дата:

Аловуддин Абдуллоев, ҳунарпешаи саршиноси ҳаҷву театр ва синамои Тоҷикистон, муаллиф ва бозигари нақшҳои саҳнаҳои сербинандаи телевизионии маъруфи "Шӯхиҳои Аловуддин"  дар синни 57-солагӣ даргузашт. Хабари даргузашти ин ҳунарпешаи пуровозаро мақомҳои маҳаллии вилояти Хатлон таъйид кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир сабабҳои марги ин ҳунарманд мушаххас нест. Аловуддин Абдуллоев дар ин авохир сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба дӯш дошт. Соли гузашта бародараш аз бемории коронавирус даргузашта буд.

Мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Сарбанд, Диловар Ашӯрзода дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки ба онҳо ҳам хабари марги ин ҳунарпешаи мумтозро расонидаанд ва ҳоло дар роҳ ба сӯйи хонаи марҳуманд.

"Дирӯз бо телефон суҳбат карда будем. Шикояте надоштанд. Баъзе масъалаҳои кориро суҳбат кардем, аммо ин субҳ хабари маргашро расониданд, ки дар маҷмуъ даргузашти устод талафоти бузург ва ҷуброннопазир барои фарҳанги миллии мо аст",- мегӯяд Ашӯрзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин ҳунарпешшаи саршинос, бо барномаи "Шӯхиҳои Аловуддин", ки тӯли 10 соли ахир дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон нашр мешуд миёни ҷомеаи тоҷикистон бисёр маъруф буд ва дар барномаву чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон, довар, ровӣ ва муҷрӣ буд.

Аловуддин Абдуллоев сар аз моҳи сентябри 2019 яке аз доварони шоу-барномаи Central Asia Got Talant буд.

Аловуддин Абдуллоев, 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзишаш унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2006) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар соли 2013 ба даст оварда буд.

Абдуллоев соли 1989 Донишкадаи ҳунар ва санъати Тоҷикистонро хатм карда буд  ва корро Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Қурғонтеппа оғоз кард, ки дар ин ҷо ба унвони ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карду чанд соле ҳам раҳбарии ин театрро ба дӯш дошт. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аловуддин Абдуллоев дар намоишҳои театрии  «Моҷарои имтиҳон», «Антигона», «Табиби зӯракӣ», «Бозиҳои манфиатҷӯёна», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Аршин мол-олон», «Лаку Пак», «Шаби гирифтани моҳ», «Давлати Сомониён», «Найрангҳои Скапен», «Масал бигӯ, Эзоп» нақши марказиро бозидааст.

Ба ҷуз ин дар филмҳое чун  «Братан», «Падари моҳтобӣ», «Туҳмат», «Чоҳ», «Қиёми рӯз», «Шоҳид» ва «Интихоби ман», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Боғоч», «Фарзандони бегона», «Қарзи виҷдон», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра низ нақшҳои мондагоре офаридааст.

Ба ҷуз ин дар филмҳои бисёри мустанад ва филмографияҳо ба сифати нақшофару коргардон ҳам ҳузури пурранг дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...