Боз расиши кӯтоҳ: хулосаи пешакӣ сабаби сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и Бохтар муайян шуд

Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон дар як хулосаи пешакӣ, сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" – и шаҳри Бохтарро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ гуфт. РВКД дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки бино ба натиҷаҳои фаврии санҷиш расиши ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозор сабаби сӯхтор шудааст. Дар ин хабарнома омадааст, ки хабари сар задани сӯхтор […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон дар як хулосаи пешакӣ, сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" – и шаҳри Бохтарро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ гуфт.

РВКД дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки бино ба натиҷаҳои фаврии санҷиш расиши ноқилҳо дар яке аз ошхонаҳои бозор сабаби сӯхтор шудааст.

Дар ин хабарнома омадааст, ки хабари сар задани сӯхтор ба қисми навбатдории Раёсати оташнишонии РВКД дар вилоят соати 22:25 дақиқа расидааст. Дар натиҷа, ба ҷойи ҳодиса 28 мошини оташнишонӣ бо 128 нафар сафарбар карда шудааст.

Вақте отанишонон ба ҷойи ҳодиса расиданд, аллакай сӯхтор майдони 1200 метри мураббаъро фаро гирифта буд. Ҳамчунин таҳдиди боз ҳам паҳншавии сӯхтор чой дошт. Ҳайати шахсии Раёсати оташнишонӣ тавонистанд пеши роҳи паҳншавии сӯхторрро бигиранд. 

Раёсати вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки сабабҳои аслии сар задани сӯхтор дар рафти санҷиши ҳаматарафа муайян карда мешавад.

Дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 ба 2-юми июн дар ин бозор 12 тан захм бардошта буданд, ки ки вазъи як тани онҳо, соҳибкори 52-сола вазнин гуфта мешавад. Як манбаъ дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба "Азия-Плюс" рӯзи 2-юми июн гуфт, ки 90 дар сади бадани ин соҳибкор сӯхтааст.

Ҳаҷми зарари расида аз сӯхтор то кунун муайян нашудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.