spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боз 200 ниҳоли Tcell боғи «Ҷавонон»-и пойтахтро оро медиҳанд

Кормандони оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell дар пойтахт боз 200 дарахти ақоқиё (акатсия) шинониданд. Ин дафъа ниҳолшинонӣ дар боғи “Ҷавонон” баргузор шуд.

Ин дуввумин иқдоми кормандони ширкат аст. Дар аксияи нахустини ниҳолшинонӣ, ки дар боғҳои “Наврӯзгоҳ” ва “Хайём”-и пойтахт сурат пазируфта буд, кормандони Тсеll ҳамроҳ бо директори генералии ширкат  Озодхон Давлатшоев тӯси сафед ва арча шинонида буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ниҳолҳои ҷадид, ки ҳамакнун боғҳои пойтахтро оро медиҳанд, аз ҳисоби маблағҳои бунёди муҳитзистӣ (экологӣ)-и лоиҳаи “Эко” харидорӣ мешаванд.

Tcell ҳифзи муҳити зистро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯзаи худ меҳисобад. Ширкати Тсеll барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба масоили ҳифзи муҳити зист, дар моҳи апрели соли гузашта ҷадвали тарофаҳо ва бастаҳои “Эко”-ро роҳандозӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тавассути иштирок дар барномаи “Эко” ҳар як муштари метавонад саҳми худро дар беҳбудсозии вазъи муҳити зист гузорад. Иштирок дар барномаи “Эко” аз Tcell ихтиёрӣ мебошад, яъне муштариён маблағҳои иловагӣ пардохт намекунанд ва саҳми онҳо аз ҳисоби пардохти ҳармоҳа барои тарофа ё бастаи Интернет анҷом мешавад. Сандуқ (фонд)-и ҷамъшудаи маболиғ барои рушди тарҳҳои экологии пойтахт ва дигар манотиқи Тоҷикистон ироа мегардад.

Муфассал дар бораи бастаҳои «Эко»: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php

«Алло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php

«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php

ИЗОБРАЖЕНИЕ

__________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

 Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...