Ҳалокати модару 2 кӯдакаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе – Ҳисор

Ҷавонзани сокини шаҳри Ҳисор ва 2 кӯдаки хурдсолаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе Ҳисор ҳалок шуданд. Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса шоми рӯзи 14 август рух додааст. “Ронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Camry, cокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳробод зани 27-солаи сокини маҳаллӣ ва 2 писари 4-сола ва […]

Ҷавонзани сокини шаҳри Ҳисор ва 2 кӯдаки хурдсолаш бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе Ҳисор ҳалок шуданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодиса шоми рӯзи 14 август рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи Toyota Camry, cокини 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳробод зани 27-солаи сокини маҳаллӣ ва 2 писари 4-сола ва ҳоло 1-сола нашудаи ӯро бо автомашинааш пахш мекунад”, – хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта зан дар ҷойи ҳодиса ва фарзандонаш дар бемористон ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳолатҳои рух додани ин садама мавриди таҳқиқ қарор дода шудаанд.

Бино ба маълумоти ВКД-и ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 482 ҳодисаи садамаи нақлиёт (дар ҳамин давраи соли 2021 – 472 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 180 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 509 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд (дар зарфи 6 моҳи соли гузашта – 555 нафар).

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.