Ин аксҳоро аз саҳфаи Довари Бадахшӣ ва гуруҳи "Pamir Land"-и Фейсбук дарёфтем. Ба навиштаи соҳибони аксҳо ин аксҳо дар вулусволии Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи ҳамноми ВМКБ Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Ин аксҳо вазъи мактабҳои ин ноҳияро инъикос мекунанд ва бахшеи дигар маросими имтиҳонсупории зимистонии хонандагон дар мактабҳои ин вулусволӣ мебошанд.
Ба устувориву илмомӯзиву истиқомату тағйирхоҳии ин насл танҳо мешавад ҳамду сано гуфт, вале дар баробари ин сахтиву зиллату ҳоли ногувору дастони аз сардӣ сурху шохгаштаи ин кӯдакони қурбонӣ танҳо мешавад гиря кард.
Аммо ба сиёсатгарону истеъморгарону манифатхоҳону ифротиёну онҳое, ки намегузоранд ин насл ва ин мардум ба хушбахтӣ бирасанд, чӣ бигӯйем?
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.