Дар Маскав шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳи оташфишон захм гирифт

Шаҳрванди Тоҷикистон бар асари як муноқиша дар Маскави Нав (Новая Москва) захм бардошт – дар шаҳри Шербинка як шахси номаълум тирпаронӣ карда, бо автомашинаи Porsche Cayenne аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Тибқи маълумоти Telegram-канали 112, дар натиҷа бинокори 23-сола аз Тоҷикистон Алишер Холов аз пояш захм гирифта, дар бемористон бистарӣ шудааст. Бо 14 нафар мардон […]

Asia-Plus

Шаҳрванди Тоҷикистон бар асари як муноқиша дар Маскави Нав (Новая Москва) захм бардошт – дар шаҳри Шербинка як шахси номаълум тирпаронӣ карда, бо автомашинаи Porsche Cayenne аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Тибқи маълумоти Telegram-канали 112, дар натиҷа бинокори 23-сола аз Тоҷикистон Алишер Холов аз пояш захм гирифта, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Бо 14 нафар мардон аз ҷойи ҳодиса ба шуъбаи пулис бурда шуда, айни замон бозпурсӣ мешаванд. Хбар дода нашудааст, ки инҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ё не.

Бино ба маълумоти канал, сабаби муноқиша бо тирпаронӣ пардохт нашудани музди меҳнат буда, коргарон бо бригадир муноқиша кардаанд.

Гуфта мешавад, бригадир пас аз ҷанҷол бо Porsche Cayenne аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, автомашина ба сокини 28-солаи Ингушетия Мусо Чахкиев тааллуқ доштааст, вале дар дохили мошин будани худи ӯ ҳоло маълум нест.

Соҳиби мошин дар ҷустуҷӯ қарор дошта, 16 ҷарима, 7 маҳдудият барои сабти ном ва ҳабси иҷрочиёни судӣ дорад.

Автомашина мавриди ҷустуҷӯи кормандони пулис қарор дошта, дар Маскав нақшаи “Боздошт” (Перехват) эълон шудааст.

Бори охир автомашинаро дар шоҳроҳи Варшава диданд. Ба ҳамаи кормандони пулис тавсия дода шудааст, ки ҳангоми кор либосҳои махсуси ҳимоя аз тир (бронежилет) дошта бошанд.

Зикр мешавад, ки дар дохили мошин 4 нафар қарор дошта, ҳамаашон бо худ силоҳ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.