Дар Душанбе ҷашни Сада таҷлил мегардад

Рӯзи 28-уми январ дар Боғи ба номи Фирдавсии пойтахт бори ҳафтум ҷашни Сада таҷлил мегардад. Ба иттилои маркази матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар доираи чорабинӣ намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад ва сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд ҳамчунин ниҳолҳо ва тухмии кишоварзиро харидорӣ намоянд. Инчунин бо иштироки санъаткорон ва дастаҳои фолклории тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ барномаи васеи […]

Asia-Plus

Рӯзи 28-уми январ дар Боғи ба номи Фирдавсии пойтахт бори ҳафтум ҷашни Сада таҷлил мегардад.

Ба иттилои маркази матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар доираи чорабинӣ намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешавад ва сокинону меҳмонони пойтахт метавонанд ҳамчунин ниҳолҳо ва тухмии кишоварзиро харидорӣ намоянд.

Инчунин бо иштироки санъаткорон ва дастаҳои фолклории тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ барномаи васеи фарҳангӣ пешкаш мегардад.

Созмондиҳандагон ҳамчунин хабар медиҳанд, ки дар ин рӯз гулхани суннатӣ афрӯхта, намоиши техникаи кишоварзӣ ва зироатҳоро баргузор мекунанд.

Ҳамчунин ба пешкадамони бахши кишоварзии кишвар мукофоту тухфаҳо супурда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.

Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.