spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Боздошти як зан бо гумони дуздии кӯдаки 2,5-сола дар ҷануби Тоҷикистон

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон кормандони милитсия занеро боздошт намуданд, ки дар дуздии кӯдаки 2,5 сола гумонбар дониста мешавад.

Тавре ки дар гузориши видеоии “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад, як сокини зани ҷамоати Бӯстон-Қалъа Файзигул Рустамова ба милитсия муроҷиат намуда, иҳзор мекунад, зане бо номи Муслима писараш Ш.Р.-и 2,5-соларо дуздидааст.

Дар гузориши видеоии ВКД гуфта мешавад, муайян карда шудааст, ки Муслима Пӯлод, сокини 21-солаи шаҳри Турсунзода, қаблан бо моддаи 244 (Дуздӣ) маҳкумшуда 5 декабр ба хонаи Файзигул Рустамова омада, аз ӯ дархост мекунад, ки шабро дар хонааш рӯз кунад.

“Рустамова ба ӯ бовар карда, ба хонааш роҳ медиҳад. Лекин рӯзи дигар вақте ки соҳибхона дар хонааш набуд,  “меҳмон” кӯдакро бо худ гирифта, ба хонааш – шаҳри Турсунзода мебарад”, – зикр мегардад дар гузориш.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
ВАО: Маълум шуд, ки чаро зан тифли 2-моҳаро дар Душанбе дуздидааст

Худи Муслима ҳам дар гузориш ба дуздии кӯдак иқрор шуда, ба гуфтаи ӯ, ин ҳодиса рӯзи 7 декабр тақрибан соати 15:30 рух додааст.

ВКД дар бораи чаро Муслимаро ба хонааш роҳ додани модари кӯдак ва пештар шинос будани занон, инчунин мақсади гумонбаршуда барои дуздии кӯдак маълумот намедиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар прокуратураи ноҳияи Кӯшониён нисбат ба Муслима Пӯлод мутобиқи моддаи 130 КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда аз 8 то 12 сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...