Идомаи лимит, риоя нашудани реҷа ва ғайриимкон будани тамос бо сохторҳои дахлдор

Қаблан хабар дода будем, ки сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз риоя нагардидани реҷаи ваъдашудаи маҳдудияти барқ ё худ лимит дар моҳи Рамазон арзу шикоят доранд. Ин дафъа мо кӯшиш кардем, ки ба сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва минтақавӣ муроҷиат намуда, вазъиятро шарҳ диҳем. Лекин талошҳоямон бенатиҷа анҷом ёфтанд – тамос гирифтан бо онҳо ғайриимкон аст. Дар […]

Asia-Plus

Қаблан хабар дода будем, ки сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз риоя нагардидани реҷаи ваъдашудаи маҳдудияти барқ ё худ лимит дар моҳи Рамазон арзу шикоят доранд. Ин дафъа мо кӯшиш кардем, ки ба сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва минтақавӣ муроҷиат намуда, вазъиятро шарҳ диҳем. Лекин талошҳоямон бенатиҷа анҷом ёфтанд – тамос гирифтан бо онҳо ғайриимкон аст.

Дар муддати ду рӯз “Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки бо намояндагони шабакаҳои барқӣ дар тамос шавад, лекин бенатиҷа. Аз ҷумла, ба шабакаи барқи Истаравшан, Панҷакент, Турсунзода ва вилояти Хатлон занг задем, лекин ба зангҳо ё ҷавоб надоданд, ё телфеон муддати тӯлонӣ банд буд ва ё он умуман кор намекард.

Муяссар шуд, ки танҳо бо корманди Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд гуфтугӯ кунем.

Сабаби риоя нашудани реҷаи таъминот бо барқро ӯ шарҳ надод, лекин изҳор намуд, ки дар Хуҷанд барқ аз соати 18:00 то 21:00 ва субҳ аз соати 04:00 то 07:00 интиқол дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд ин тавр нест ва барқ бамаротиб камтар дода мешавад, ҳарчанд ҳатто ин 6 соат ҳам ба ваъдаи додашуда дар моҳи Рамазон мувофиқ нест.

Ёдрас мекунем, ки дар арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Арвинд Гуҷрал бо ирсоли як барқия аз зердастонаш хост, ки дар моҳи Рамазон аҳолии Тоҷикистон 8 соат (4 соат субҳ – 04:00 – 08:00 ва 4 соат шом – 17:00-21:00) бо барқ таъмин шаванд.

Тавре ки сокинон аз минтақаҳои гуногун хабар медиҳанд, чунин реҷа қариб риоя нагардад ва дар минтақаҳо дар як шабонарӯз 3-4 соат ё 4-5 соат барқ дода мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.