Соли 2022 аз ҷониби судҳои Тоҷикистон нисбати 90 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳукмҳои айбдоркунанда қабул карда шудааст. Дар ин хусус имрӯз, 16-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ аз Суди Олии кишвар иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои ин ниҳод, барои содир кардани ҷиноятҳои зерин:
- муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир – 18,
- авбошӣ – 15,
- қаллобӣ – 9,
- муомилоти ғайриқонунӣ бо асъари хориҷӣ – 2,
- қочоқ – 3,
- убури ғайриқонунии сарҳад – 15,
- дигар ҷурмҳо 26 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Ҳамчунин, ин ниҳод рӯйхати давлатҳое, ки шаҳрвандони он соли 2022 дар Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, эълон намуд:
– Афғонистон – 28,
– Чин -18,
– Қирғизистон – 14,
– Ӯзбекистон – 13,
– Покистон – 7,
– Эрон – 4,
– Туркманистон – 2,
– Молдова – 2
– Ҷумҳурии Африқо – 1,
– Ҳиндустон – 1 нафар.