Тибқи як созишномаи ҳосилшуда миёни Қирғизистон ва Русия аз ин ба баъд тобут ё “Бори-200”-и қирғизҳо ройгон ба ватанашон оварда мешавад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ бо истинод ба сафорати ин кишвар дар Русия хабар додаанд.
Гуфта мешавад ширкати ҳавоии “Уральские авиалинии” тобут ё бори “груз-200”-и шаҳрвандони Қирғизистонро аз Русия аз ин ба баъд ройгон меорад. Қаблан Агентии давлатии ҳавонавардии шаҳрвандии Қирғизистон бо ширкати ҳамтои худ аз Русия музокироте анҷом дода ва дар ниҳоят 17-уми май ба созиш расидаанд, ки аз чанд шаҳри Русия тобути қирғизҳо ройгон ба ватан оварда мешавад.
Ба ин тартиб, тибқи ин созишнома “Бори-200” тариқи хатсайрҳои Челябинск-Ош, Уфа-Ош, Минеральные воды–Ош, Нижневартовск-Ош, Қазон–Ош, Самара-Ош, Сочи-Ош ва Самара–Бишкек, Сочи–Бишкек ба Қирғизистон бепул оварда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди сафорати Қирғизистон, сарфи назар аз интиқоли ройгони бори-200, нафари ирсолкунандаи бор бояд харҷи платформаи ҳавопаймо ва харҷи фурудгоҳро пардохт кунад.
Дар Тоҷикистон ҳам бар асоси як дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, тобути фавтидаи шаҳрвандони кишвар дар Русия ё "Бори 200" аз сӯйи ширкати "Тоҷик Эйр" ройгон оварда мешуд, аммо пас аз варшикаста шудани ин ширкат, ҳоло аз ҷониби ширкати "Сомон Эйр" ҳам ройгон оварда мешаванд.