Дар ним сол зиёда аз 7500 қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин ошкор шудааст

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 7562 ҳолати қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин ба қайд гирифта шудааст, ки 232 ҳолат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (7330) мебошад. Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола дар ин робита зикр шуд, ки то имрӯз дар […]

Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 7562 ҳолати қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин ба қайд гирифта шудааст, ки 232 ҳолат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (7330) мебошад.

Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола дар ин робита зикр шуд, ки то имрӯз дар самти бартараф сохтани қонуншиканиҳои ошкоршуда 6918 таъинот содир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 6792 парвандаи маъмурӣ оғоз шудааст.

Дар чаҳорчӯби ин парвандаҳо ба маблағи умумии зиёда аз 4 млн сомонӣ ҷарима таъин гардида, зиёда аз 3 млн сомониаш аллакай рӯёнида шудааст.

Ба мақомоти додситонӣ ҷиҳати баҳодиҳии ҳуқуқӣ 628 мавод ирсол гардида, боз 405 парванда ба судиҷрочиён фиристода шудааст. То ин дам зиёда аз 6 ҳазор қонуншиканӣ бартараф шудааст.

"Таваҷҷуҳи асосӣ ба пешгирии қонуншиканиҳо, тақвияти ҳамкориҳои мутақобила байни сохтору идораҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи масъулияти ҳуқуқӣ барои ғайримақсаднок истифода шудани замин равона гардидааст", -навиштааст Кумита.

Зикр мегардад, ки қисмати зиёди қонуншиканиҳо бо иштироки фаъоли хадамоти истифодаи замин, ки дар маҳалҳо кор мекунанд, ошкор шудааст.

Кумитаи давлатии идораи замин ҳамчунин ният дорад, ки баҳри вокуниши саривақтӣ ба далелҳои суиистифода дар соҳаи муносибатҳои марбут ба замин бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба қонун “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”-ро ба имзо расонид. Мувофиқи ин тағйирот, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ дар сурати дидаву дониста қабул кардани қарор дар бораи пешниҳод, мусодира ё ба ихтиёрдорӣ супурдани қитъаҳои замин, метавонанд аз мансаб сабукдӯш шаванд. Барои намояндагони ҳукумат, ки дар раванди идораи замин иштирок мекунанд, ин як огоҳии ҷиддӣ гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.