Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳо баста мешаванд?

Пагоҳ, 11-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Ин сафар 3 рӯз, то 13-уми июл давом карда, аз ноҳияи Айнӣ оғоз мешавад. Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар доираи ин сафар роҳбари давлат аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд […]

Пагоҳ, 11-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд меравад. Ин сафар 3 рӯз, то 13-уми июл давом карда, аз ноҳияи Айнӣ оғоз мешавад.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар доираи ин сафар роҳбари давлат аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон дидан мекунад.

“Дар рафтаи ин сафар ба истифода додани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ,  кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, сехҳои дузандагӣ ва чоҳҳои амудӣ пешбинӣ шудааст”, – гуфт манбаъи мо.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакентро ҳам як манбаъ аз ҳукумати ин шаҳр тасдиқ кард ва гуфт, ки ин сафар рӯзи 11-уми июл дар назар буд, сарвари давлат беш аз 30 иншооти навбунёдро дар ин шаҳр ифтитоҳ мекунад.

Гуфта мешавад, ки бештари иншоот тариқи маҷозӣ (онлайн) боз мешавад.

"Барои сафари сарвари давлат ҳама ҷониба омодагӣ дидаем. Мулоқоти ҷаноби олӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент низ пешбинӣ шудааст, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

 

Кадом роҳҳо дар ин вилоят баста мешаванд?

Дар пайи сафари раисҷумҳур ба Суғд аз 11-ум то 13-уми июл роҳҳои мошингарди як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят баста мешаванд.

Тибқи иттилои шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар Суғд дар пайи ин сафар чунин роҳҳо дар вилоят баста мешаванд:

рӯзи 11-уми июл: роҳҳои мошингарди ноҳияи Айнӣ аз фурудгоҳи ин ноҳия  то деҳаи Сангистон тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ ва роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент аз деҳаи Шӯрча то кӯчаҳои Рӯдакӣ, Лоиқ Шералӣ тариқи роҳи Айнӣ-Панҷакент;.

рӯзи 12-уми июл: роҳҳои мошингарди шаҳри Панҷакент тариқи кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, хиёбони Рӯдакӣ то фурудгоҳи ин шаҳр ва роҳҳои мошингарди ноҳияи Деваштич тариқи кӯчаҳои марказии деҳаҳои Қалъаи Дӯст ва Басмандаи ноҳияи Деваштич;

рӯзи 13-уми июл: роҳҳои шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) тариқи кӯчаҳои Сирдарё, Султон Умаров, Раҳим Ҷалил, Исмоилӣ Сомонӣ, 25-солагии Истиқлолият, Камоли  Хучандӣ ва роҳи мошингарди Ғафуров-Хучанд тариқи кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Гагарин, Куруши Кабир, Бобоҷон Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон (Чкаловкси пешин ).

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.