Президенти нахустин ва собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, дар раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи он кишвар иштирок мекунад.
Назарбоев дар суҳбат бо сиёсатшиноси қазоқ Даниёр Ашимбоев гуфт, омодааст, аз амалҳои президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи раъйпурсӣ ва иқдомҳои минбаъдааш барои рушди он кишвар ҳимоят кунад.
Раъйпурсӣ барои ислоҳи Конститутсияи Қазоқистон 5 июни имсол баргузор мешавад. Бар асоси тағйирот, аз ҷумла, Назарбоев аз имтиёзҳо ҳамчун президенти нахустини Қазоқистон маҳрум хоҳад шуд.
"Бале, ҳатман 5 июн бо истифода аз ҳуқуқҳои худ иштирок мекунам. Ба назари ман тамоми қишри ҷомеаи ҳақ дорад, ки саҳми худро дар тағйири Конститутсия гузорад. Маро ба монанди дигарон ин нигарон мекунад, ки ҳамаи ҳаводиси ҷорӣ ба нафъи давлат ва мардум бошад", – афзудааст ӯ.