Додситонии кулли Узбекистон тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмуриро омода кардааст, ки барои дахолат ба фаъолияти пизишкон ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.
Ба вижа, барои монеъ шудан ба расонидани кӯмаки тиббӣ ва ё расонидани хадамоту дастури ғайриқонунӣ бо ҳадафи монеъ шудан ба фаъолияти пизишкон ҷарима ба андозаи аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё то 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ пешбинӣ мешавад.
Ҳамзамон пешбинӣ шудааст, ки ба пизишкон иҷоза дода шавад, дар сурати дахолат ба кори онҳо ва ё монеъ шудан ба фаъолияташон бидуни тартиб додани санад дар бораи қонунвайронкунии маъмурӣ ба додгоҳ шикоят баранд. Дар ҳоли ҳозир танҳо вакилони мудофеъ ва омӯзгорон чунин ҳуқуқ доранд.
Баррасии ин тарҳ то 17 июн давом мекунад.
Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон, дар солҳои 2018-2021 бештар аз 470 ҳолати ҳамла ба кормандони соҳаи тиб аз сӯи хешовандон ва наздикони беморон сурат гирифтааст.