spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Аввалин мошинҳои тамғаи Теҳрон шояд то охири соли ҷорӣ дар бозори Русия пайдо шаванд

Дар Русия фурӯши мошинҳои ширкати эронии Iran Khodro (Эрон Худрав) эҳтимол ба зудӣ оғоз шавад, хабар дода мешавад дар торнамои autonews.ru.

Аввалин мошинҳои тамғаи Теҳрон шояд то охири соли ҷорӣ дар бозори мо пайдо шаванд.  Дар ин бора нашрияи "Коммерсанть" бо истинод ба расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳад. 

Ба гуфтаи Меҳдии Хатибӣ раиси ширкати "Iran Khodro", онҳо аллакай бо ҷониби Русия тамоми музокироти заруриро анҷом додаанд. Вай таъкид кардааст, ки бозори Русия барои онҳо яке аз муҳимтарин бозорҳо хоҳад шуд. Ба иттилои Gazeta.ru. ширкат инчунин ба нақша гирифтааст, ки ба Озарбойҷон, Уммон ва Ироқ мошин содир кунад.

Тақрибан 20 сол пеш мошинҳои "Iran Khodro" аллакай дар Русия фурӯхта мешуданд. Ба ин тариқ, седани Samand-ро, дар заминаи модели Peugeot 405 сохта шудааст, метавонистӣ дар Русия солҳои 2006-2009 харидорӣ намуд. Лекин ҳаҷми фурӯшаш на он қадр қобили мулоҳиза буд.

Гуфта мешавад, ки "Iran Khodro" нақша дорад солона 100 ҳазор мошин содирот кунад.  Ин рақам аз ҳаҷми ҳозира панҷ баробар бештар аст.

Дар ҳамин ҳол раиси маркази русии "Эрониёни бурунмарзӣ" Мирзо Ғозӣ Аббос Муслим қаблан гуфта буд, ки тавлиди мошинҳои эронӣ метавонад дар корхонаи "Москвич" роҳандозӣ шавад.  Эҳтимол  сухан дар бораи модели KMC J7 меравад.

Ин мошин намунаи табдилшудаи модели чинии Sehol A5 Plus мебошад, ки аз ҷониби JAC истеҳсол шудааст.  Аммо дар ин бора то ҳол маълумоти расмӣ мавҷуд нест.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...