spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Исфара: Модару писар куштори якбора се нафарро фармоиш додаанд

Кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз ҳодисаи куштор, ки модару писар фармоиш додаанд, пешгирӣ намуданд.

Сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ дар барномаи навбатии “Милитсия хабар медиҳад” дар ин робита изҳор намуд, ки модару писараш ба ҳабс гирифта шуда, баёнот медиҳанд.

Бино ба маълумоти мақомоти тафтишот, зани 52-солаи сокини ҷамоати деҳоти Кулқанди шаҳри Исфара Мағфират Қодирова ва писараш Неъматҷон Валиев ба як шахс ба ивази 5 ҳазор доллар куштори додарарӯси Қодирова – Абдусалом Валиев ва ҳамсарӣ ӯ Мунира Мадаминоваро, ки дар як хона бо онҳо зиндагӣ мекарданд, фармоиш медиҳанд.

“Ҳамчунин бо дастони ин шахс бояд зани 35-солаи сокини шаҳри Хуҷанд кушта мешуд, ки Қодирова бо шавҳари ӯ муносибатҳои ошиқона дошт. Шавҳари худи Қодирова дар зиндон адои ҷазо мекунад”, – хабар дод Шарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, куштори хешовандонро модару писар бо сабаби баҳси хона, ки ба бародарон аз волидонашон ба мерос монда буд, фармоиш додаанд.

МЕДИА (IFRAME)

Ба гуфтаи Абдусалом Валиев, Қодирова талаб мекардааст, ки ӯ ва ҳамсараш аз ин хона рафта, манзилро ба ӯ диҳанд.

“Неъматҷон Валиев ба корти бонкии шахсе, ки барои куштор киро карда буданд, як бор 10 ҳазор сомонӣ ва дафъаи дуюм – 6 ҳазор сомонӣ пул мегузаронад. Тибқи қарордод, пули боқимондаро ин шахс бояд баъиди анҷом додани кушторҳо мегирифт. Ӯ бояд ҷасадҳои кушташудагонро аксбардорӣ намуда, ба фармоишгар нишон медод”, – гуфта мешавад дар гузориш.

Аммо ин шахс ба милитсия меояд. Пас аз ин кормандони милитсия як саҳнаи сохтаи куштори яке аз фармоишшудагон – Абдусалом Валиевро таҳия намуа, онро аксбардорӣ ва ба фармоишгарон мефиристанд.

Дарҳол пас аз ин модару писар боздошт шудаанд. Нисбати онҳо ба гумони суиқасд ба куштори се нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазои маҳруммият аз озодӣ ба муҳлати аз 15 то 25 сол ё ҳукми ҳабси абад пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...