Сиёсати Бонки ҷаҳонии Тоҷикистон (БМТ) ба баргардонидани сатҳи таваррум ба ҳудуди нишондиҳандаҳои ҳадафнок нигаронида шудааст, зикр мегардад дар Гузориши макроиқтисодии моҳи сентябри Бонки авруосиёии рушд (БАОР).
Гуфта мешавад, болоравии нарх берун аз ҳудуди нишондиҳандаи ҳадафноки БМТ (6+/-2%) қарор дошта, мизони таваррум дар моҳи июн ва июли соли равон 8,3%-ро ташкил дод. Сабаби сатҳи баланди таваррум болоравии нарх ба маҳсулоти хӯрокворӣ (9,7%), бахусус орд (38,6%), инчунин хидматрасонии нақлиёт (19,5%) маънидод мешавад.
“Метавон интизор шуд, ки ба эътидол омадани нархи ҷаҳонӣ ба маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ (ва дар натиҷа, сӯзишворӣ барои нақлиёт) ба коҳиши таваррум дар кишвар то охири сол мусоидат мекунад”, – тахмин мезананд коршиносони Бонк.
Дар гузориш хотиррасон мешавад, ки 22 августи соли равон БМТ меъёри бозтамвилро аз 13,25% то 13,50% боло бурд.
“Ин аз нияти БМТ ҷиҳати таъмини таъсири маҳдудкунандаи сиёсати пулию қарзӣ ба таваррум дар соли ҷорӣ гувоҳӣ медиҳад”, – хулоса мекунанд онҳо.
Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, мизони таваррум дар кишвар давоми моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ 4,6%-ро ташкил дод, ки 0,3 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад.
Аз ҷумла маводи ғизоӣ ба андозаи 7,6% ва маҳсулоти ғайриозуқа – 2,6% қимат шуда, хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ баръакс – 0,9% арзон шуд.