“Кофист инсони мутафовит аз дигарон бошем”. Алиризо Озмандиён дар Душанбе аз асрори муваффақият ва рушди тиҷорат гуфт

Date:

Алиризо Озмандиён, мутахассиси эронии муқими Амрико дар бахши рушди тафаккуру шахсият ва мудирияти тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон омад ва рӯзи 18-уми январ дар Душанбе машғулияти омӯзишӣ баргузор кард. Мо дар он иштирок кардем, сухангӯро гӯш кардем ва баъди машғулият аз ширкаткунандагон пурсидем, ки чӣ омӯхтанд?

Дар ин омӯзиш, ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази “Хирад” ва беш аз 3 соат баргузор шуд, тоҷирон, кормандони ширкатҳои мухталиф, рӯзноманигорон, блогерон ва дар умум, хоҳишмандон ширкат доштанд. Агарчи толор то ҷое сард буд, вале асосан ширкаткунандагон мардони миёнасол буданд ва бо гуфтугӯи гарми Озмандиён бо сардӣ “муросо” карданд.

Ба қавли баргузоркунандагон, ин машғулият барои касоне пешбинӣ шуда буд, ки дар шароити нави иқтисодӣ мехоҳанд на танҳо фаъолияти тиҷоратии худро беҳтар кунанд, балки шахсияти муваффақ низ бошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Алиризо Озмандиён дар ин омӯзиш перомуни тарзҳои муосири рушди тиҷорат, таҳияи нақшаи шахсии муваффақият, идоракунии вақт ва ҳадафҳо, тафаккури молиявӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ дар муҳити рақобатпазир гуфтугӯ кард.

Ӯ гуфт, ки “барои расидан ба дастовардҳо ва эҷоди зиндагии зебо, истифодаи технологияи нав зарур аст, ки мо онро “технологияи фикр” ном гузоштаем”.

Ба қавли сухангӯ, то вақте инсон худаш тағйир накунад, зиндагияш тағйир намеёбад: “ин тағйир бояд дар шеваи тафаккур, боварҳо, эҳсосот, рӯҳия, шахсият ва сохтори зеҳнӣ ба вуҷуд ояд, вагарна он таъсиргузор намешавад”.

“Инсон мавҷуди андешамеҳвар аст. Низоми зиндагӣ ва дастовардҳои ӯ гирди меҳвари андешаҳояш давр мезананд ва ин андешаҳо бо эҳсосот ва боварҳои ӯ шакл мегиранд”, – иброз дошт Озмандиён.

Алиризо Озмандиён таъкид кард, ки “рисолати мо дар зиндагӣ ин аст, ки зиндагӣ кунем, ишқ варзем ва маншаи таъсир бошем – маҳз ҳамин рози муваққати мост!”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Замина барои зеҳнҳои огоҳ

Масрур Ҳодизода, устоди донишгоҳ ва номзади илмҳои физикаю математика, пас аз ин машғулият, ки қаноатманд ба назар мерасид, гуфт, муҳимтарин паём аз ин машғулият ин буд, ки ҳар гуна дигаргунӣ дар зиндагӣ аз худи инсон оғоз меёбад.

“Муҳимтарин чизе, ки дар хотирам монд, ин гуфтаҳо буд: ба худ бигӯ –“барои он ки соҳибкори муваффақ бошӣ, ҳатман инсони махсус будан шарт нест, кофист касе бошӣ, ки бисёр аз инсонҳо нестанд”. Маҳз ҳамин сабаби ба вуҷуд омадани ҳама гуна фарқиятҳо мешавад”, – гуфт Ҳодизода.

Ба қавли ӯ, ин омӯзиш “дар сатҳи хуб” баргузор шуд: “Мавзуъ ҷолиб, таҷрибаи сухангӯ кофӣ ва муҳити омӯзишӣ мусоид буд. Умуман, аз иштирок қаноатманд шудам”.

Танҳо камбудие, ки Масрур Ҳодизода ишора кард, ҷудо нашудани вақти кофӣ барои саволу ҷавоб будааст.

Ба ақидаи ӯ, баргузории чунин тренингҳо бо иштироки сухангӯёни шинохта дар Тоҷикистон хеле зарур аст, зеро онҳо ба баланд бардоштани рушди шахсият, сатҳи дониш ва тафаккур мусоидат карда, барои ташаккули зеҳнҳои огоҳ замина мегузоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Масрур Ҳодизода

 

“Интизориам бештар буд”

Саъдӣ Тоирзода, омӯзгори забони англисӣ ва блогнависи тоҷик, дидгоҳи мухталифе нисбат ба чорабинӣ дорад. Муҳимтарин чизе, ки дар хотири ӯ мондааст, тарҳрезии нақшаи ҳафтсола будааст.

Ӯ гуфт, аз дирӯз то имрӯз дар бораи он андеша мекунад, ки дар ҳафт соли оянда чӣ кор кардан мехоҳад, чӣ доштан мехоҳад ва тиҷораташ чӣ гуна хоҳад буд.

Тоирзода аз сатҳи омӯзиш 100 дарсад қаноатманд нашудааст ва мегӯяд, интизориҳояш аз он пештар буд. Ӯ мегӯяд, интизор дошт, ки Алиризо Озмандиён на танҳо дар бораи “чӣ кор кардан” ҳарф мезанад, балки “роҳҳои амал кардан”-ро ҳам нишон медиҳад.

“Мо мехостем, ки Озмандиён дақиқан дар бораи қадамҳо, китобҳо, василаҳо, ва усулҳои рушди тиҷорат ва шахсият ҳам мегӯяд. Вале ӯ бештар умумӣ гап заду роҳнамоии дақиқ накард”, – гуфт ин омӯзгори забони англисӣ.

Бо вуҷуди ин, ӯ баргузории чунин машғулиятҳоро зарур медонад, зеро “гирифтани таҷрибаи сухангӯёни хориҷӣ маълумоти нав ва суди нағз меорад”.

“Ин имкон медиҳад, ки сатҳи тиҷорати Тоҷикистонро бо дигар кишварҳо муқоиса кунем, аз таҷрибаи дигарон омӯзем ва хатоҳои онҳоро такрор накунем. Зеро дар баъзе кишварҳои пешрафта таҷрибае ҳаст, ки барои мо имрӯз ё соли оянда дар кор меояд. Чунин машғулиятҳо бояд бештар шаванд”, – иброз дошт Саъдӣ Тоирзода.

Ҳозирин аз сатҳи баргузории омӯзиш дидгоҳи мутафовит, вале дар бораи зарурияти баргузории чунин чорабиниҳо иттифоқи назар доранд. Масрур Ҳодизода бештар ба ангезадиҳии машғулият таваҷҷӯҳ дорад ва аз он қаноатманд аст, дар ҳоле ки Саъдӣ Тоирзода талаботи баландтар дорад ва мехоҳад роҳнамоиҳои амалии муфассалтар гирад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саъдӣ Тоирзода

 

Алиризо Озмандиён кист?

Алиризо Озмандиён аз эрониёни муқими Амрико аст ва дар соҳаи идоракунии тиҷорат дараҷаи докторӣ дорад. Ӯ бунёдгузори мактаби маъруфи “Технологияи фикр” ва муаллифи консепсияҳои “Тафаккури қудратманд” ва “Менеҷменти тафаккур” мебошад, ки ба тағйир додани эътиқодҳои манфӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои бузург равона шудаанд.

Озмандиёнро ҳамчун шогирд ва яке аз намояндагони фалсафаи муваффақияти Ҷим Рон, ки яке аз бузургтарин сухангӯёни ҳавасмандкунанда дар ҷаҳон буд, мешиносанд.

Ӯ беш аз 30 сол боз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ дар бораи моделҳои нави рушди тиҷорат, роҳбурдҳои бозорёбӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ дар муҳити рақобатпазир машғулият гузаронидааст.

Ёдовар мешавем, ки Маркази “Хирад” тӯли шаш соли ахир дар самти тарҷума, нашр ва тарғиби китобҳои серхонанда ва илҳомбахши ҷаҳонӣ фаъолият дорад ва бо мақсади густариши фарҳанги худомӯзӣ ва рушди шахсият ин навбат ин ташаббусро пеш гирифтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...