Ҷорӣ сохтани асъори ягона бидуни истисно ба нафъи ҳамаи кишварҳои узви ЕврАзЭС хоҳад буд, – назари узви парлумони ҷумҳурӣ

            Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков бар чунин назар аст, ки пешниҳоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи ташкили асъори ягона барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) метавонад ба беҳбуди вазъи молияӣ дар ин кишварҳо мусоидат намояд.             И.Талбаков мегӯяд, иллати аслии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ шикасти […]



           

Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи мардумӣ дар парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков бар чунин назар аст, ки пешниҳоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи ташкили асъори ягона барои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) метавонад ба беҳбуди вазъи молияӣ дар ин кишварҳо мусоидат намояд.





           

И.Талбаков мегӯяд, иллати аслии бӯҳрони молии ҷаҳонӣ шикасти доллари амрикоӣ аст ва барои беҳбуди вазъи молиявӣ дар қаламрави ЕврАзЭС кишварҳои узви иттиҳодро зарур аст, асъори гардишии худро

 

ҷорӣ созанд. «Пайдо гаштани асъори нави саросарӣ (глобалӣ) дар солҳои наздик ғайриимкон аст, вале ҷорӣ сохтани асъори минтақавӣ айни замон мантиқан дуруст аст ва ман чунин мешуморам, ки ҳар як иттиҳод ё созмони кишварҳо бояд асъори ҳисобиву гардишии худро дошта бошад ва ба ин асъори Евро мисол шуда метавонад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ҷорӣ сохтани асъори ягона бидуни истисно ба нафъи ҳамаи кишварҳои узви ЕврАзЭС, аз ҷумла Тоҷикистон низ хоҳад буд.




           

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчӣ Баҳодур Сафаров чунин ибрози ақида намуд, ки чун сатҳи рушди иқтисоди кишварҳои узви ЕврАзЭС феълан гуногун аст, ҷорӣ сохтани асъори ягона дар иттиҳод ғайривоқеӣ аст ва ҳарчанд чунин пешниҳод ба нафъи кишварҳои қашшоқи минтақа бошад ҳам, барои намуна Русия ба он ҳеҷ гоҳ розӣ нахоҳад шуд, зеро иқдоми мазкур ба афзоиши берун рафтани сармоя аз ин кишвар боис хоҳад гардид. «Ғайр аз ин, кишварҳои узви иттиҳод то ҳанӯз оид ба созишномаҳои гумрукӣ тавофуқ ҳосил карда наметавонанд ва ҳарф задан перомуни ҷорӣ сохтани асъори ягона дар иттиҳод солҳои наздик ба мантиқ рост намеояд», – афзуд иқтисодчӣ.




 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?