Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна

Бо ворид шудан ба рӯзи 13-уми ҷанг алайҳи Эрон, вазъ дар минтақаи Ховари Миёна печидатар мешавад. Буҳрони нафт низ доманааш васеъ мегардад. Бо ин ҳол, шаби гузашта Шӯрои амнияти СММ қатъномаеро зидди Эрон қабул кардааст, ки аз Теҳрон даъват мекунад, ба кишвари сеюм ҳамла накунад. Вале дар он ҷое аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ёдоварӣ нашудааст.

 

Вале ҳамлаҳои тарафҳои даргир ҳамчунон идома дорад.  Аз ҷумла бомдоди 12-уми март Исроил аз ҳамлаҳои нав ба Эрон хабар дода, дар Теҳрон, Кошон ва чанд шаҳри дигар садои таркишҳо шунида шудааст.

Дар посух, расонаҳои Эрон аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои нафтии Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна хабар доданд.

Рӯзи гузашта Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ се шарти поёни ҷанг бо Амрикову Исроилро гуфт: “Танҳо роҳи поёни ҷанг, ки бо оташафрӯзии режими саҳюнистӣ ва Амрико оғоз шуд, пазириши ҳуқуқи мусаллами Эрон, пардохти товон ва муҳокимаи қатъии байналмилалӣ барои манъ кардани таҷовузи дубораи онон аст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исроил

 

Таҳдиди ҳамла ба бандарҳо ва афзоиши нархи нафт

Дар ҳамин ҳол, Амрико рӯзи гузашта аз сокинони наздисоҳилии бандарҳои Эрон дар наздики тангаи Ҳурмуз хост, аз ин минтақа дур шаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 11-уми март гуфтааст, нерӯҳои ин кишвар “наметавонанд, амнияти афродеро, ки дар наздикии ин таъсисот боқӣ мондаанд, кафолат диҳанд”. Ба иддаои онҳо дар бандарҳо таъсисоти нерӯҳои дарёии Ҷумҳурии Исломӣ мустақар ҳаст.

Пас аз ин Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ махфӣ шудани нерӯҳои дарёиро дар бандарҳо рад карда, таъкид кард, ки агар Амрикову Исроил ба таъсисоти бандарии Эрон ҳамла кунанд, бандарҳои минтақаро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш меёбад.

Субҳи 12-уми март нархи нафти хом 9% афзоиш ёфта, дубора ба 100 доллар барои як бушка расидааст. Рӯзи 9-уми декабр нархи як бушка нафти хом ба 110 доллар расида буд.

Дар зимн, кишварҳои узви Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ ба қароре омадаанд, ки барои идораи қимати нафт 400 миллион бушка нафт ба бозор ворид кунанд. Қарор аст, ин ҳаҷм нафт аз захираҳои кишварҳои узви ин созмон ба бозор бароварда шавад ва 172 миллион бушкаи он танҳо ба Амрико рост меояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз бандарҳои Эрон дар соҳилҳои Халиҷи Форс

Дар ҳамин ҳол, “Росатом”, ширкати давлатии энержии ҳастаии Русия гуфтааст, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар ҳоли берун овардани кормандони  худ аз нерӯгоҳи ҳастаии “Бушаҳр” аст.

Ин ширкат 11-уми март гуфтааст, ки 150 кормандаш тариқи марзи Арманистон аз Эрон хориҷ шудаанд, вале ҳудуди 450 нерӯи онҳо ҳанӯз дар нерӯгоҳ ҳастанд.

Нерӯгоҳи “Бушаҳр”, ки аз тарафи Русия сохта шудааст, танҳо нерӯгоҳи ҳастаии фаъол дар Эрон аст.

Алексей Лихачёв, роҳбари “Росатом” гуфта буд, вазъият перомуни нерӯгоҳи ҳастаии “Бушеҳр” ҳамчунон пуртаниш аст, аммо ҳеҷ ҳамлае ба худи нерӯгоҳ ё маҳали лоиҳаҳои дар ҳоли сохтмон сурат нагирифта аст.

 

Қатъномаи СММ дар бораи Эрон бе ёдоварӣ аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил

Ин дар ҳолест, ки Шӯрои амнияти СММ шаби гузашта қатъномаеро қабул кардааст, ки аз Эрон мехоҳад, ҳамла ба кишварҳои Халиҷи Форсро қатъ кунад.

Қабули қатънома дар ҷаласаи Шӯро  бо 13 райъи мувофиқ қабул шудааст. Русия ва Чин аз додани райъ худдорӣ кардаанд.

Ин қатънома ҳамлаҳои Эрон ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва Урдунро маҳкум карда, аз Эрон хостааст, ки “фавран” тамоми ҳамлаҳову таҳдидҳоро қатъ кунад.

Қатънома ҳамчунин, ҳаргуна иқдоми Эрон, ки “боиси баста ё халал дар киштиронии байналмилалӣ дар тангаи Ҳурмуз мегардад”-ро маҳкум кардааст.

Дар ин қатънома ҷое ишора аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон намешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ дар Ню-Йорк

Дар ҳамин ҳол, Амир Сайид Ирвонӣ, сафири Эрон дар СММ дар ин ҷаласа гуфт, “ин қатънома зулми ошкоро алайҳи кишвари мо аст, ки қурбони аслии як иқдоми таҷовузкорона ва возеҳ аст”.

“Ин қатънома воқеиятҳои мавҷудро таҳриф карда, амдан далелҳои решаии буҳрони кунуниро нодида мегирад”, изҳор доштааст Ирвонӣ ва илова кардааст, ки аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дастикам 1 ҳазору 348 нафар кушта шуда ва беш аз 17 ҳазор тан маҷрӯҳ гаштааст.

Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, ки 28-уми феврал шуруъ шуд, таъкид кард, ки танҳо пойгоҳҳо ва маконҳоеро ҳадаф қарор медиҳад, ки Амрико аз онҷо барои ҳамла ба Эрон истифода кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

Дар ин баробар, дар ҷараёни ҷаласа қатъномаи пешниҳодии Русия барои боз доштани фаврии даргириҳои Амрикову Исроил бо Эрон раъйи зарурӣ ба даст наовард ва рад шуд. Ба ин қатънома 4 раъйи мувофиқ, 2 раъйи мухолиф дода шуда, 9 аъзо аз раъй худдорӣ кардаанд.

Сафирони кишварҳои ҳошияи Халифи Форс пеш аз райъгирии қатъномаи Шӯрои амният гуфтаанд, ки давоми 12 рӯзи ҷанг 950 мушак ва 2 ҳазор 500 паҳпод аз сӯи Эрон ба кишварҳои онҳо партоб шудааст.

 

"Ню-Йорк Таймс": Амрико дар ҳафтаи аввали ҷанг алайҳи Эрон беш аз 11 млрд доллар масраф кардааст

Дар ҳамин ҳол, нашрияи амрикоии "Ню-Йорк Таймс" гузориш додааст, ки Вазорати ҷанги Амрико масрафи ҳафтаи аввали ҷанг дар Эронро “11,3 миллиард доллар” арзёбӣ кардааст.

Ин расона навиштааст, ки Вазорати ҷанги Амрико гузориши хароҷоти ҷангро дар ҷаласае пушти дарҳои баста ба Кунгураи ин кишвар ироа кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи манбаъ, ин арзёбӣ "баъзе ҷанбаҳо”-и ҷанги Амрико дар Эрон, аз ҷумла, ҷойгиркунии таҷҳизот ва низомиёни амрикоӣ пеш аз ҳамларо дар бар намегирад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қаиқи эронӣ дар тангаи Ҳурмуз

 

Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна

Шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва посухи “Ҳизбуллоҳ” ба ин кишвар идома дошт.  Эрон шоми чоршанбеи 11-уми март аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба шаҳрҳо ва пойгоҳҳои низомии Исроил дар шаҳрҳои Телавив ва Ҳайфо хабар дод. Ин гурӯҳ мегӯяд, ҳамчунин ба нерӯҳои исроилӣ дар ҷануби Лубнон зарба задааст. Дар посух, Исроил аз ҳамла ба пойгоҳҳои “Ҳизбуллоҳ” хабар дод.

“The Times Of Israel” ҳамлаҳои шаби гузашта ба Исроилро ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи Эрон бо “Ҳизбуллоҳ” номида, менависад, ки дар ин ҳамла шомгоҳи 11-уми март беш аз 200 мушак ба сӯи Исроил партоб шудааст. Дар пайи ин ҳамлаҳо ду нафар дар Исроил захмӣ шудааст. Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, давоми шабонарӯзи гузашта 179 ва аз оғози ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар 2 ҳазор 745 нафар захмӣ шудааст.

Расонаҳо мегӯянд, ҳамлаҳои шаби гузашта ба Исроил шадид буд ва дар даҳҳҳо минтақаи ин кишвар “бонги хатар” ба садо даромадааст.

Дар ҳамлаи Исроил ба як мошини сабукрав дар Лубнон субҳи 12 март 7 нафар кушта шудааст. Ҳамчунин, аз ҳамлаҳо ба минтақаҳои маскунӣ гузориш дода мешавад, ки даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Дар зимн, мақомоти Лубнон эълон кардаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил давоми даҳ рӯзи гузашта ба Лубнон дастикам 634 нафар кушта шудаанд, ки 91 нафари онҳо кӯдаконанд. Ҳамчунин, беш аз 1,5 ҳазор маҷрӯҳ ва беш аз 816 ҳазор овора сабт шудааст.

Дар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ҳам вазъ печидатар мешавад. 11-уми март ба як таъсисоти нафтӣ дар бандари Салолаи Уммон ҳамла шуда, боиси оташ гирифтани анборҳои нафт шудааст. Хабаргузории “Ал-Ҷазира” иттилоъ дод, ки чандин паҳпод ба ин таъсисоти захирасозӣ партоб шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сӯхтор дар таъсисоти нафтии бандари Салолаи Уммон

Дар ҳамин ҳол, қароргоҳи маркази “Хотам-ул-анбиё”-и Эрон изҳор доштааст, “ҳодисае, ки дар бандари Салолаи кишвари дӯст, ҳамсоя ва бародари Уммон иттифоқ афтода аст, бисёр машкук аст. Эрон дар ҳоли баррасӣ ин мавзуъ аст”.

Мақомоти Ироқ низ аз ҳамла ба ду нафткаш дар обҳои Халиҷи Форс хабар додаанд, ки дар оташсӯзии онҳо дастикам як нафар кушта шудааст. Мақомоти Ироқ то кунун 38 нафарро аз ин ду нафткаш наҷот додаанд ва гуфта мешавад, корҳои наҷотдиҳӣ идома меёбад. Манбаи ҳамла ба нафткашҳо маълум нашудааст ва дар пайи он Ироқ аз қатъи содирои нафт хабар додааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

Тибқи маълумоти амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё то 11-уми март дар маҷмуъ ба 13 киштӣ дар тангаи Халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Уммон ҳамла шудааст.

Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ бомдоди 12-уми март аз раҳгирии 18 паҳпод дар шарқи ин кишвар хабар дод, вале гуфта нашудааст, ки ин паҳподҳо аз куҷо партоб шудааст.

Зимнан, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҷоршанбеи 11-уми март гуфтааст, ки гурӯҳе аз мутахассисони укроинии зидди паҳподи худро ба кишварҳои Халиҷи Форс фиристодааст.

Аз ин кишварҳо Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ ном бурда шудааст.

“BBC” хабар медиҳад, ки маҳдудиятҳо ва сонсури шадид дар Исроил ва кишварҳои Халиҷи Форс гирифтани иттилои дақиқ аз асари ҳамлаҳо ба ин кишварҳоро сахт кардааст. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное