Садҳо ҳазор сомонӣ, хонаи зебо дар маркази Душанбе, мошини шик зери по ва тиҷорати муваффақ метавонад рӯъёе барои ҳар нафар бошад. Махсусан барои зан ва он ҳам дар ҷомеаи суннатӣ муваффақияти зан душвор аст. Аммо ҳар нафаре, ки талош мекунад ва ба худ эътимод дорад, метавонад ба ин дастовардҳо, ки орзуи аксар аст, ноил шавад. Қиссаи Адолат Муҳибхонова далели он аст, ки бо кӯшиш, тақвияти дониши молиявӣ ва бовар ба худ метавон ҳар орзуи рангинро ба воқеият табдил дод.
Ӯ ҳамагӣ чанд сол пеш бо се фарзанд танҳо мезист ва бо маоши ночиз ва мушкилоти ӯро печонида даст ба гиребон буд. Аммо тавонист дар ин набард пирӯз шавад ва ширкати сайёҳии “Adras Travel”-ро таъсис додаву роҳбарӣ кунад ва муваффақ шавад.
Ин қиссаи Адолат Муҳибхонова ва набарду пирӯзии ӯст.
Оғози қисса
“То соли 2016 ба ҳайси як муҳосиб кор мекардам. Сидқан кор мекардам ва дар рушди чандин ширкат кумак кардам. Аммо бо маош зиндагӣ мекардам ва чанд мушкиле доштам, ки “барои ҳал навбат меистоданд”. Ман ҳарчи зиёд кор мекардам, корхона муваффақ мешуд, аммо мушкили молиявии ман кам намешуд. Аз ин лиҳоз, ба худ гуфтам, вақте саводи молиявӣ ва таҷрибаи чандсолаи кор дорӣ чаро тиҷорати худро оғоз намекунӣ?”, – ба нақл оғоз кард Адолат.
Ва ниҳоят, соли 2015 ӯ бо қатъият ба хулосае меояд, ки тиҷорати шахсии худро шуруъ мекунад. Аммо он замон ӯ барои оғози тиҷорат маблағ надошт.
“Аз бонк 300 ҳазор сомонӣ қарз гирифтам, бо ба гарав гузоштани ягона хонаи бо душворӣ харидаам. Ва ин бо ин тиҷоратро оғоз кардам. Қарзи аввал гирифтаро баргардонидаву боз 200 ҳазор сомонӣ гирифтам, то тиҷоратро рушд диҳам. Аммо дар ин муддат ҳамеша дар фикри баргардонидани қарз будам, чун намехостем ягона хонаамро аз даст диҳам”, – гуфт Адолат.
Ӯ, ки муддатҳо дар як ширкати фурӯши билет барои парвоз кор кардааст, вақти ташкили тиҷорат талош кардааст соҳаеро интихоб кунад, ки ба ин самт наздик бошад ва худаш дарк кунад.
“Ба бозор назар кардам, ки бахши сайёҳӣ бароям бештар наздик аст ва ман онро мефаҳмам. Ҳамчунин, бозор холӣ аст ва ширкати сайёҳӣ зиёд нест. Хулоса кардам, ки ширкати сайёҳӣ таъсис медиҳам”, – гуфт Адолат.
Ӯ аввал худомӯзӣ мекунад. Баъдан бо пайдо шудани имконият ва сарфи маблағ дар чандин давраҳои омӯзишӣ иштирок карда, донишу малакаашро зиёд мекунад. Ва ҳамин тавр, ба қавли худаш, “давоми 10 сол аз худ мутахассиси соҳаи сайёҳӣ омода кард”.
Ва имрӯз ширкати муваффақеро сохтаву роҳбарӣ мекунад, ки ҳар сол ҳазорон сайёҳро ба кишварҳои дуру наздик мефиристад. Бо ин роҳ ӯ ҳам ба сайёҳон хидмат мерасонад ва ҳам фоида ба даст меорад.
Адолат таъкид мекунад, ки ҳар ширкат дар баробари муваффақият ва фоида, ҳамчунин бо хатарҳо низ рӯбарӯ аст. Ва барои коҳиши ин хатар, саводи молиявӣ, тафаккури таҳлилӣ, назорати пайваста ва мувофиқ бо тамоюлҳои рӯз зарур аст.
“Тавре мегӯянд, “то талхиро начашӣ, ба қадри неъмат нахоҳӣ расид”. Дар идораи ширкат, то бо мушкил рӯбарӯ нашавӣ, муваффақ нахоҳӣ шуд. Ман ҳам ҳамеша муваффақ набудам. Вақте буҷаи ширкат аз сӯйи коргарони худам ғорат шуд, сахт рӯҳафтода шудам. Ҳис мекардам, ки куҷое пешпо медиҳанд, аммо кай ва куҷо, намедонистам. Баъди ин дарс, чораҳои ҳифзи ширкат ва сармояи онро бештар кардам”, – гуфт Адолат.
Ӯ вақти интихоби корманд, вақти имзои ҳар гуна ҳуҷҷат барои хариду пардохт бо диққат шуд. Дигар эҳсосро канор гузошт ва ба донишу таҷриба такя кард.
“Аз ҳама муҳим, вақти муомила бо пул, эҳтиёткор шудам. Дигар пулро дар “болин” ва ё “сейф” нигоҳ намедорам, танҳо тавассути бонк ва бо чанд зинаи ҳимоя истифода мекунам. Ин ҳам бехатар, ҳам фоидаовар аст”, – зикр кард ӯ.
Адолат мегӯяд, нафъи кор бо бонкро пештар, вақте, ба қавли худаш, “маошхӯр” буд, дарк кардаааст. Ӯ мегӯяд, зиёд пиёда мегашт, то қадри имкон ва аз ҳар самт сарфа мекард ва пули ҷамъовардаашро дар бонк пасандоз мегузошт.
“Соли 2009 бо 100 сомонӣ дар бонк суратҳисоб барои пасандоз кушодам. Баъзан ҳатто 10 сомонӣ пайдо кунам, ба он суратҳисоб мегузоштам. Баъзан шиносҳоям механдиданд, ки “кай ту пули хона ҷамъ мекунӣ”. Аммо ман сабр кардам ва соли 2015 хона харидам, бо ҳамон пуле, ки дар бонк пасандоз карда будам”, – гуфт Адолат.
Ӯ мегӯяд, бо гузашти сол, вақте тиҷоратро оғоз кард, он таҷриба кор дод ва ҳоло барои рушди ширкат бо бонк ҳамкорӣ мекунад.
“Агар вақти ташкили ширкат ҳадафам ба даст овардани фоидаи бештар буд, ҳоло дар бораи рушди он бештар меандешам. Ин ширкат дигар бароям манбаъи даромад нест, он ҳастии ман шудааст, ки мисли фарзандам дӯст медорам”, – зикр мекунад Адолат.
Ӯ мегӯяд, ҳамин дӯст доштани кори хеш ва аз сидқи дил кор кардан ва ҳамчунин, дуруст тарҳрезиву амалӣ кардани фаъолияти ширкат самар дод ва ӯ ҳоло ҳам хона ва ҳам мошину сармояи кофӣ дорад.
“Муҳимтар аз ҳама, фарзандонам зиндагии хуб доранд ва ба таълими босифат фаро гирифта шудааст”, – меболад ӯ.
Саводи молиявӣ муҳим аст
Адолат гуфт, ки баъзе занон ҳангоми гирифтани қарз аз бонк шартҳои онро пурра намехонанд ё намефаҳманд, тақсими дурусти буҷетро намедонанд. Баъдан онро сари вақт баргардонида наметавонанд.
Ӯ гуфт, барои муваффақият таҳияи дуруст, назорат ва такмили саривақтии нақшаи тиҷоратӣ муҳим аст. Албатта ҳамаи мушкилотро аз пеш ташхис кардан осон нест, аммо чораҳои ҳифз аз хатарҳоро метавон ҳамеша такмил дод.
“Бештари бонувон, махсусан заноне, ки бо фарзанд аз ҳамсар ҷудо шудаанд, барои оғози тиҷорат дудила мешаванд. Вале мани танҳо бо се фарзанд аз чизе натарсидам, афтодам, аммо боз ҳам қоматамро рост кардам ва бо такя ба донишу таҷрибаи андӯхта, таваккал кардам ва сӯйи ҳадафи худ қадам гузоштам. Ба дигар занон ҳам ин тавсияро медиҳам: ноумед набояд шуд, талош бояд кард!”, – таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Адолат, ҳар зане, ки дар марҳилаи оғози тиҷорат аст, ҳатман дар давраҳои омӯзишии ҳисобдорӣ таҳсил гирад. Чунки худи ӯ сарфи назар аз доштани маълумоти олии муҳосибӣ ва таҷрибаи чандсола, дар шаш курси омӯзишии байналмилалии ин соҳа иштирок кардааст.
“Ҳатто ба духтарони донишҷӯе, ки барои таҷрибаомӯзӣ меоянд, чунин машварат медиҳам. Зеро ҳар қадар саводнокии молиявии бонуи оила боло бошад, буҷаи оила ҳамон қадар меафзояд”, – гуфт Адолат.





