Вазорати маориф ва намояндагии котиботи стратегияи байнулмилалии СММ оид ба коҳиши офат Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи сипаригашта Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва намояндагии котиботи стратегияи байнулмилалии СММ оид ба коҳиши офат Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Тавре сухангӯи вазорати маориф Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ёддошт бо мақсади эҳёи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши маориф, аз ҷумла иҷрои талаботи «Барномаи амалисозии Хиого», […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи сипаригашта Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва намояндагии котиботи стратегияи байнулмилалии СММ оид ба коҳиши офат Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расониданд.




Тавре сухангӯи вазорати маориф Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ёддошт бо мақсади эҳёи ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши маориф, аз ҷумла иҷрои талаботи «Барномаи амалисозии Хиого», ки ҳукумати Тоҷикистон аз он пуштибонӣ кардааст, ба имзо расид.



Ба гуфтаи Н.Нуралиев, ҳамкории мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи «Таҳкими имконот баҳри коҳиши хатари офат ва иҷрои барномаи амалисозии Хиого дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби департаменти кӯмаки башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо «ДИПЕКО» маблағгузорӣ мегардад, ба роҳ монда мешавад. Дар доираи татбиқи ёддошт баргузории як қатор чорабиниҳо оид ба амалисозии консепсияи амният дар макотиб ва коҳиши хатари офатҳо дар соҳаи маориф пешбинӣ шудааст.



Оқои Нуралиев афзуд, мувофиқи қарордод, ба омӯзгорони макотиб тарзи амал ва расонидани кӯмаки фаннӣ дар ҳолатҳои фақулодда омӯзонида шуда, нашри дастурҳои иттилоотиву маърифатӣ ба нақша гирифта шудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.