Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории амалиёти вижа дар марзи Афғонистону Тоҷикистон миёни марзбонон ва қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа шаш қочоқчии афғон ба ҳалокат расид.
Тавре сардори маркази матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амияти миллии ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар амалиёт марзбонон беш аз 300 кило маводи мухаддири гуногун, 4 адад автомати Калашников, 15 тирдон ва беш аз 450 тирро мусодира намуданд.
«Феълан қаламрави наздик ба ҷойи ҳодиса таҳти назорат қарор гирифта, афроди дигари ба ин ҷиноят дастдошта ҷустуҷӯ карда мешаванд», – афзуд Х.Раҳматуллоев.


