Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза – 29-30-31-уми март ба вилояти Суғд меравад. Дар ин бора як манбаъ аз шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ин вилоят ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, дар пайи ин, аз 29 то 31-уми март бархе роҳҳои мошингарди ин вилоят баста мешавад.
Ӯ гуфт, сабаби басташавии роҳҳо “таъмини бехатарии меҳмонони олиқадр” аст. Ҳамчунин, дар як эълоне, ки аз номи ин шуъба дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо чанд роҳи мошингарди вилоят “бо сабаби ташрифи меҳмони олиқадр” баста мешавад.
Қаблан, зери ин мафҳум сафари президент фаҳмида мешуд.
Тибқи иттилои шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар Суғд, дар пайи ин сафар чунин роҳҳо дар вилоят баста мешаванд:
29-уми март:
– роҳҳои кӯчаҳои Ҳувайдуллоев, Б. Ғафуров, Гагарин ва И. Сомонии шаҳри Бӯстон;
– шоҳроҳи ноҳияи Б. Ғафуров–Хуҷанд аз “Оташи абадӣ” то ФКХ, кӯчаҳои И. Сомонӣ, 25-солагии Истиқлол, С. Умаров то Пули ҷашнӣ, кӯчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд;
30-юми март:
13:53 26 март
Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
– шаҳри Гулистон, ҷамоати Д. Холматов то давраи Ороми ноҳияи Мастчоҳ ва роҳи Душанбе-Чаноқ;
31-уми март:
– шаҳри Исфара аз даромадгоҳи шаҳр то гардиши Шӯроб ва кӯчаҳои марказии шаҳр.
Дар робита ба ин мақомот аз ронандагону мусофирон хостаанд, ки дар рӯзҳои мазкур тариқи роҳҳои номбаршуда бе зарурат ҳаракат накунанд. Тибқи анъана, зимни сафар ба минтақаҳо бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон як қатор бинову иншооти маъмуриву хидматӣ ва корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ ба истифода дода мешаванд. Президент бори охир моҳи моҳи ноябри соли гузашта бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд.



