Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Идибеки Саид, Asia-Plus

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки гуфт, агар Эрон то рӯзи сешанбе, соати 20:00 ба вақти шарқӣ (сешанбе, соати 3:30 ба вақти Эрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе) “музокира” накунад ва ё тангаи Ҳурмузро накушояд, ба нерӯгоҳҳо ва пулҳо зарба мезанад, бо таҳдид посух дода, гуфтааст, “бо ҷинояти ҷангӣ ба ҳеҷ дастоварде нахоҳӣ расид”.

“Ҳаракатҳои беасоси ту Амрикоро ба ҷаҳаннами воқеӣ барои тамоми хонаводаҳои амрикоӣ табдил мекунад ва саросари минтақаи мо ба далели исрори ту ба итоат аз дастури Натаняҳу ба оташ кашида шуд”, – навиштааст раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ.

Муҳаммадбоқир Қолибоф ҳамчунин, ишора ба Доналд Трамп таъкид кардааст, ки “танҳо роҳҳали воқеӣ эҳтиром ба ҳуқуқми миллати Эрон ва поён додан ба ин ҷанги хатарнок аст”.

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 5-уми апрел бо як зарбулаҷали дигар бо лаҳни тунд бори дигар Эронро ба ҳамла ба нерӯгоҳҳо ва пулҳо таҳдид карда буд. Ӯ дар саҳифаи худ, дар “Truth Social” навишт, ки “рӯзи сешанбе рӯзи нерӯгоҳҳо ва пулҳо дар Эрон хоҳад буд”.

Раисҷумҳури Амрико таҳдид кардааст, ки “агар тангаи Ҳурмузи лаънатиро боз накунанд, дар ҷаҳаннам зиндагӣ хоҳанд кард. Фақат тамошо кунед. Алҳамдулиллоҳ”.

Гулугоҳи Ҳурмуз, Акс аз ru.haberler.com

Доналд Трамп ба Эрон то “сешанбе соати 20:00 ба вақти шарқӣ” (чоршанбе соати 3:30 ба вақти Теҳрон) муҳлат додааст, ки ё “тавофуқ” мекунад ва ё тангаи Ҳурмузро мекушояд, дар сурати ин ба зерсохтҳо ҳамла хоҳад кард.

Дар баробарин ин, ӯ пас аз соати ин таҳдид ба шабакаи “Fox News” гуфтааст, “Эрон дар ҳоли музокира бо Амрикост” ва ба иддаои ӯ “тавофуқ бо Теҳрон то рӯзи душанбе имконпазир аст”.

Трамп дар ҳоле аз музокира бо Ҷумҳурии Исломӣ ҳарф мезад, ки мақомоти Эрон онро рад мекарданд ва ҳоло ҳам мегӯянд, ҳеҷ музокираи мустақиме бо Амрико надоштаанд.

Намояндагии Ҷумҳури Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид низ ба таҳдидҳои Трамп вокуниш карда, гуфтааст, “Трамп ба дунболи кашонидани минтақа ба ҷанги бепоён аст”.

Ин намояндагӣ дар саҳифаи “Х”-и худ навиштааст, ки “ин таҳрик мустақим ва ошкор барои эҷоди ваҳшат дар миёни ғайринизомиён ва далели равшане аз қасди анҷом додани ҷинояти ҷангӣ аст”.

Қаблан низ Трамп таҳдид карда буд, ки агар Эрон дар 48 соат тангаи Ҳурмузро боз накунад, Амрико зерсохтҳои барқи ин кишварро ҳадаф қарор медиҳад. Вале Теҳрон низ ба таҳдид бо таҳдид посух дода, гуфта буд, ки посухи нерӯҳои онҳо ҳамсон хоҳад буд ва тамоми зерсохтҳоро дар минтақа, ки бо сармояи амрикоӣ кор мекунанд, ҳадаф қарор хоҳад дод. Баъдан Трамп бо баҳонаи оғози музокира бо Эрон ин муҳлатро ба 5 ва пас аз он ба 10 рӯз тамдид кард. Ҳоло бо ба охир расидани ин муҳлат, дубора ба он 24 соати дигар изофа кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 60

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдураҳмон Абдуманнонов то даргузашти Мирзо Мастонгулов ва Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.