Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълон кард, ки се рӯз барои сокинони кишвар “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад. Ба гуфтаи манбаъ, ин иқдом аз 6 то 8-уми апрел дар доираи “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ”, ки то 10-уми апрел идома мекунад, баргузор мешавад.
Ҳамин тавр, ба қавли Вазорат, сокинон имрӯз 6-уми апрел, имкон доранд, ки аз дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Тоҷикистон” аз ташхиси бепул гузаранд.
Ҳамчунин, ба навиштаи ин ниҳод, рӯзи 7-уми апрел ташхиси ройгон дар тамоми муассисаҳои табобатии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ роҳандозӣ мегардад.
Барои бошандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, ин чорабинӣ рӯзи 8-уми апрел дар тамоми муассисаҳои тандурустии ин вилоят ба роҳ хоҳад шуд.
Вазорат изҳор доштааст, ки дар доираи ҳафтаи саломатӣ, то 10-уми апрел баргузории бархе чорабиниҳо, ба монанди машғулияту машваратҳои солимгардонӣ дар кишвар дар назар дошта шудааст.
Шикоят аз гарон будани нарх дар ташхисгоҳҳо ва хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон кам нест. Ин маърака солҳои пеш ҳам гузаронида мешуд ва онҳое, ки тавони пардохтро надоранд, ба беморхонаҳо мешитофтанд.
Сокинон мегӯянд, чунин маъракаҳо бояд бештар баргузор шавад, зеро аксари мардуми ниёзманд имкони пардохти ташхисҳои тибии гаронарзишро надоранд.


