“Дар сарҳад мушкили ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад”. Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул суханронӣ кардааст

asia+

Дар муколамаи машваратии “Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки дирӯз дар Афғонистон гузашт, кӣ чӣ гуфт ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳамоише дар Кобул, ки дирӯз, 5-уми апрел баргузор шуд, “ба таври ғайримустақим аз неруҳои амниятии Толибон барои таъмини хуби амният дар марз қадрдонӣ кардааст”.

Дар ин нишаст, ки бо ташабуси ҳукумати Толибон* ташкил шуд, намояндагони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон иштирок доштанд.

Хабаргузории ББС, дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон навиштааст:

“Ҷаноби Саъдӣ Шарифӣ амнияти Афғонистон ва муносибат бо онро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст”, – навиштааст ин расона.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон дар Афғонистон менависад, ки ҳадафи баргузории ин нишаст “таҳкими гуфтугӯи сиёсӣ ва ҳамоҳангии дипломатӣ, муайян кардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, ҳамлу нақл ва тарҳрезии роҳи ҳамаҷонибаи ҳамгироии минтақавӣ” мебошад.

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон изҳори умедворӣ кардааст, ки “бо баргузории ин нишаст, як нақшаи роҳи ҳамкории ҳамаҷониба миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва муҳити зист таҳия хоҳад шуд”.

Амирхон Муттақӣ
Акс аз orient.tm

Ӯ ёдовар шудааст, ки дар соли 2025 ҳаҷми савдо миёни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 2,7 миллиард доллар расидааст ва нақша доранд, ки солҳои наздик он то ба 10 миллиард доллар расонида шавад.

Амирхон Муттақӣ ба чолишҳои муштарак, аз ҷумла таҳдидҳои амниятӣ, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тағйирёбии иқлим ишора карда, ба ҳамкории муштарак барои идоракунии онҳо даъват кардааст.

Ӯ зикр кардааст, ки Афғонистон бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон 2329 километр марзи муштарак дошта, ҳамкориҳои муштарак барои таҳкими амният ва идоракунии сарҳадҳо дар ин самт ба роҳ монда мешавад.

Дар “Муколамаи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ” лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла “ТАПИ”, “CASA-1000” ва “Афғон-Транс” ҳамчун тарҳҳои калидӣ барои таҳкими ҳамкориҳо номбар шудаанд.

Мақомоти Афғонистон мегӯяд, то имрӯз 25 километр қубур дар масири марзии Ҳирот–Туркманистон дар доиҳаи лӯлаи гази ТАПИ гузошта шудааст ва 120 километри дигар барои оғози корҳои сохтмонӣ пурра омода аст.

Хоҷа Авезов, сафири Туркманистон тасдиқ кардааст, ки “сатҳи амният дар Афғонистон” имкон додааст, татбиқи лоиҳаҳои фарогир ба марҳилаи анҷомёбӣ наздик аст ва то охири соли 2026 ба анҷом мерасад.

Муколамаи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, 5 апрели соли 2026.
Акс аз @AFGDefense

Гуфта мешавад, ки ин иқдом Ҳиротро ба аввалин маркази бузурги саноатӣ табдил медиҳад, ки мустақиман аз конҳои Туркманистон таъмин мешавад.

Ҳамчунин ҳамкорӣ дар таҳкими соҳилҳо ва навсозии нишонаҳои марзӣ дар Амударё пешниҳод шудааст. Дар гузашта номуайянӣ дар соҳили дарёи Панҷ, ки марзи Тоҷикистону Афғонистонро муайян мекунад, боиси ҷанҷоли афсарону тоҷику Толибон шуда буд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи “Муколамаи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ”, ки рӯзи чоруми музокирот байни ҳукумати Толибон ва Покистон дар Урумчӣ баргузор шуд, зарурати ҳалли низоъ байни ду кишвар тавассути муколама таъкид гардид.

“Толибон” аз замони ба даст овардани Афғонистон дар соли 2021 пайваста кӯшиш мекунанд, ки бо Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуб барқарор кунанд.

Вале Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, гумони нармиш дар сиёсати Тоҷикистон дар қиболи Толибонро зиёд мекунад.

Бо ин вуҷуд, охири соли гузашта ва аввали соли равон аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон чанд ҳамла сурат гирифт, ки дар пайи он чанд кас, аз ҷумла шаҳрандони Чин кушта шуданд.

Ҳарчанд ҳукумати Толибон гуфт, ки ба ин ҳамлаҳо даст надоранд ва ин кори гурӯҳҳое аст, ки мехоҳанд муносибати ду кишварро бад кунанд, вале Тоҷикистон чанд маротиба аз онҳо хост, ки гунаҳкоронро дастгир ва амният дар сарҳади ду кишварро таъмин кунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – “Афғонистон” бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Мақомот бори аввал ҷузъиёти куштори ду зану як кӯдак дар Кӯлобро шарҳ доданд

Додситонии Кӯлоб бар зидди Валӣ Сафаралӣ, шавҳари яке аз занони кушташуда барои одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои сокинон “ташхису муоина ва машварати ройгон” ба роҳ мемонад

Ин ниҳод мегӯяд, сокинони кишвар имкон доранд, 3 рӯз аз ташхису муоинаи ройгон истифода кунанд.

Посухи Муҳаммадбоқир Қолибоф ба зарбулаҷали навбатии Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба нерӯгоҳ ва пулҳои Эрон

Трамп барои музокира бо Эрон то рӯзи чоршанбе, соати 3:30 ба вақти Теҳрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе муҳлат додааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 60

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдураҳмон Абдуманнонов то даргузашти Мирзо Мастонгулов ва Рӯзи байналмилалии тенниси рӯйимизӣ

Ревоҷ, сиёҳалаф, пудина… Алафу гиёҳҳои баҳорӣ дар Тоҷикистон ва фоидаи онҳо ба саломатӣ

Дар бораи то чӣ андоза муфид будани онҳо барои солимии шахс маълумот медиҳем.