Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Муҳаммад Назар, asia+

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад

Эрон ва Амрико эълон карданд, ки ба як оташбаси дуҳафтаӣ, ки бо миёнҷигарии Покистон ба даст омадааст, мувофиқат кардаанд.

Дар аввал, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико чанд соат қабл аз зарбулаҷали таъинкардааш дар бораи ҳамла ба зерсохтҳои муҳими Эрон аз ин оташбас хабар дод ва гуфт, ки бо пешниҳоди Покистон ва ба шарти бозкушоии “пурра, фаврӣ ва бехатар”-и гулӯгоҳи Ҳурмуз бо он розӣ шудааст.

Ӯ иддао кард, ки далели ин кор ин аст, ки Амрико “ба ҳамаи ҳадафҳои низомии худ” расидааст.

Доналд Трамп.
Акс аз AP

“Мо аз Эрон пешниҳоди 10-бандие гирифтем ва боварӣ дорем, ки он заминаи амалие барои музокирот аст. Қариб ҳамаи нуктаҳои гуногуни ихтилофҳои гузашта байни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон мувофиқа шудааст, аммо муҳлати дуҳафтаина имкон медиҳад, то созиш ниҳоӣ ва қатъӣ шавад”, – навиштааст Трамп дар саҳифаи “Truth Social”-и худ.

Кохи Сафед чанд соат баъд иддао кард, ки эълони оташбаси дуҳафтаина байни Амрикову Эрон ва бозкушоии тангаи Ҳурмуз “пирӯзии Вашингтон аст”.

Пас аз изҳороти Трамп, Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва баъд аз он Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии ин кишвар ҳам аз мувофиқа бо оташбаси дуҳафтаӣ бо Амрико хабар доданд.

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар изҳороте гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида пешниҳоди 10-бандии Ҷумҳуриии Ислоимро қабул кардааст, ки бар асоси он уҳдадориҳое, аз ҷумла ҳамла накардан ба Эрон, бекор кардани таҳримҳо ва хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз минтақа, матраҳ шудаанд.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки “ин маънои поёни ҷангро надорад” ва Эрон “вақте поёни ҷангро қабул хоҳад кард, ки бо таваҷҷуҳ ба пазируфтани усули маддиназари Эрон дар тарҳи 10-моддаӣ, ҷузъиёти он низ дар музокирот ниҳоӣ шавад”.

Дар ин изҳорот, ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Эрон назорати тангаи Ҳурмузро нигоҳ медорад ва масъалаи ғанисозии ҳастаӣ низ қабул шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст Эрон ва Амрико рӯзи ҷумъа, 10-уми апрел дар Покистон бар сари мизи музокира шинанд. Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, ки барои ин музокирот, ки бо “беэътимодии комил ба тарафи Амрико” оғоз мешавад, ду ҳафта вақт ҷудо мекунад ва “ин вақт метавонад бо мувофиқаи тарафҳо тамдид карда шавад”.

Аббос Ароқчӣ.
Акс аз EPA

Ин ниҳод гуфт, ки дар ҷараёни даргириҳои ахир Эрон ба ҳадафҳои низомии худ расида, “ба як пирӯзии бузург” даст пайдо ва Амрикоро маҷбур ба қабули тарҳи 10-моддаии худ кард.

Дар ин тарҳ , аз ҷумла нуктаҳои зерин зикр шудааст:

  • ҷанг дар ҳама ҷабҳаҳо, аз ҷумла дар Лубнон қатъ карда мешавад.
  • Амрико аҳд мебандад, ки дигар ба Эрон ҳамла накунад;
  • Эрон назорат бар тангаи Ҳурмузро идома медиҳад;
  • Амрико ғанисозии уран аз сӯйи Эронро мепазирад;
  • ҳама таҳримҳо зидди Эрон бардошта мешаванд;
  • ҳамаи қарорҳои Шӯрои амнияти Созмони миллали муттаҳид ва Шӯрои ҳуккоми Оҷонсии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ поён дода мешаванд;
  • зарарҳои расида ба Эрон пардохт карда мешавад:
  • нерӯҳои амрикоӣ аз Ховари Миёна хориҷ мешаванд.

Ароқчӣ ҳам дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “чунончӣ ҳамлаҳо ба Эрон қатъ шаванд, Нерӯҳои мусаллаҳи пурқудрати мо низ ҳамлаҳои дифоии худро қатъ хоҳанд кард”.

“Ба муддати ду ҳафта, ҳаракати амн дар тангаи Ҳурмуз бо ҳамоҳангии Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва бо дарназардошти маҳдудиятҳои фанни мавҷуда имконпазир хоҳад буд”, – навишт ӯ ва аз нахуствазиру фармондеҳи Артиши Покистон ба хотири талошҳояшон барои хотимаи ҷанг изҳори ташаккур кард.

Нахуствазири Покистон мегӯяд, оташбаси Эрон ва Амрико “Лубнон ва дигар минтақаҳо”-ро ҳам фаро мегирад

Ҳанӯз маълум нест, ки оташбас миёни ду тараф кай ба иҷро медарояд. Вале Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покиситон гуфт, ки ин оташбас “Лубнон ва дигар минтақаҳо”-ро ҳам дарбар мегирад ва фавран бояд ба иҷро дарояд.

Шаҳбоз Шариф.
Акс аз AFP

Ӯ, ки миёнҷигарии музокироти Эрон ва Амрикоро бар уҳда дорад, дар саҳифаи “Х”-и худ аз ҳардуи тараф даъват кард, ки рӯзи 10-уми апрел барои идомаи музокирот ба Исломобод биёянд, “то созиши ниҳоӣ барои ҳалли ҳамаи ихтилофҳо ҳосил шавад”.

Шаҳбоз Шариф дар хотима изҳори умедворӣ кард, ки дар музокироти Исломобод “сулҳи пойдор” ба даст меояд.

Исроил гуфт, ки аз оташбас Амрико бо Эрон “пуштибонӣ” мекунад, аммо Лубнон шомили он намешавад

Дар ҳамин ҳол, дафтари Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил дар изҳороте эълон кард, ки аз тасмими Трамп барои оташбаси дуҳафтаина бо Эрон пуштибонӣ мекунад, ба шарте ки танаги Ҳурмуз боз ва ҳамлаҳо ба Амрико, Исроил ва кишварҳои минтақа қатъ шавад. Аммо, дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки оташбаси дуҳафтаина Лубнонро дар бар намегирад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 5-уми апрел раисҷумҳури Амрико бо лаҳни тавҳину таҳдид зарбулаҷали дигаре таъин кард ва гуфт, агар Эрон то рӯзи сешанбе, соати 20:00 ба вақти шарқӣ (сешанбе, соати 3:30 ба вақти Эрон ва 5-и субҳ ба вақти Душанбе) “музокира” накунад ва ё тангаи Ҳурмузро накушояд, ба нерӯгоҳҳо ва пулҳои он зарба мезанад.

Сипоҳи посдорони Эрон дар ҷавоб таҳдид кард, ки дар сурати ҳамла ба нерӯгоҳҳои Эрон, ба таъсисоти ҳаётии Исроил ва кишварҳои Ховари Минёа, ки мрабут ба Амрико ҳастанд, зарба мезанад ва посухаш фаротар аз минтақа ҳам хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, ки субҳи 28-уми феврали соли 2026 Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар посух ба таҷовуз ба хоки кишварашон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар кишварҳои арабӣ зарба заданд. Раисҷумҳури Амрико ва сарвазири Исроил дар изҳоротҳои худ ошкоро изҳор доштанд, ки ҳадафи ҷанг сарнагунсозии низоми ҷорӣ дар Эрон аст. Ҷумҳурии Исломӣ дар посух таъкид кард, ки ба ҳар гуна таҷовуз посухи сазовор ва қотеъ хоҳад дод. Ҳоло бо ворид шудани 40-умин рӯзи ҷанг, тарафҳо аз оташбаси муваққат хабар доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

“Мошинашро гирифта, фирор кардаанд”. Дарёфти ҷасади як кирокаш дар ноҳияи Ёвон бо 9 зарби корд

Наздикони марҳум мегӯянд, гумонбар, ки хонандаи мактаб аст, боздошт шудааст

Дар Душанбе сохтмони зеристгоҳи барқии нав оғоз шуд

Он сарборӣ ба зеристгоҳҳои аллакай мавҷударо коҳиш медиҳад.

Тоҷикистон ба сафи кишварҳое шомил шуд, ки ба соҳаи дифоъ камтар маблағ сарф мекунад

Хароҷоти соҳаи мудофиа ба 1 нафар ҳудуди 43 долларро ташкил медиҳад.