Мақомоти шаҳри Бохтар як ҷавони 33-соларо бо гумони куштори писархолааш бо 7 зарби корд боздошт ва нисбаташ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз ин ҷавон Фаридун Ахмедов ном бурда, гуфтааст, ки сокини кӯчаи Маданияти Бохтар аст.
Ба иттилои ин ниҳод, байни ӯ ва писархолааш Салмонхон Ширинови 40-сола, ки сокини деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Кушониён буд, чанд вақт инҷониб муноқишаву баҳсҳои лафзӣ сар зада, “ба хусумату бадбинӣ” табдил ёфтааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳодиса рӯзи 27-уми марти имсол, дар кӯчаи Ҳаёти нави шаҳри Бохтар, дар манзили бобояшон рух додааст.
Ба иддаои мақомот, нахуст Салмонхон Ширинов бо корд ҳамла мекунад ва боздоштшуда “кордро аз дасти ӯ гирифта, бо бераҳмии махсус 7 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими Салмонхон зарба зада, ӯро аз пой меғалтонад”. ҷабрдида дар пайи ин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.
Худи Фаридун Ахмедов дар навори бозпурсии мақомот ба ҷинояти кардааш иқрор шуда, гуфтааст, ки “вақте дар ҷайби либосаш кордро дидам, дасташро доштаму кордро гирифта, 7 зарба задам”. Маълум нест, ки ин навор дар кадом шароит сабт шудааст.
Назари гумонбар дар робита ба ин қазия ба расонаҳо дастрас нест.
Мақомот нисбати ӯ бо гумони одамкушӣ (моддаи 104-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ва тафтиши қазия идома доштааст. Ин иттиҳом аз 8 сол зиндон то ҳамбси абадро пешбинӣ мекунад.
ВКД гуфтааст, ки Фаридун Ахмедов қаблан низ бо иттиҳоми ғоратгарӣ (моддаи 248-и Кодекси ҷиноятӣ) зиндонӣ шуда буд.
Бояд гуфт, куштори аъзои хонавода ё пайвандону наздикон дар кишвар падидаи нав набуда, қаблан низ мақомот куштори даҳҳо танро аз дасти наздикон ва ҳатто волидонашон расонаӣ карда буданд. Ахиран Додситонии шаҳри Кӯлоб Валӣ Сафаралӣ ном сокини 32-сола ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш – Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, хоҳари ҳамсараш Таҳмина Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаи онҳо боздошт ва нисбаташ бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда буд.


