Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Муҳаммад Назар, asia+

Дар либоси нозирони милитсияи шаҳри Душанбе дурбин (камера)-ҳои назоратӣ насб карда мешаванд, ки фаъолияту муносибати онҳо бо шаҳрвандонро сабт мекунад. Дар ин бора пулиси пойтахт имрӯз, 25-уми апрел, иттилоъ дода, гуфтааст, истифодаи чунин фанновариҳои муосир “ба баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти кормандон ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард”.

Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ин иқдом, дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ба кормандони бозрасии пулиси Душанбе истифодаи дурбинҳои мазкур омӯзонида шудаанд. Ин омӯзиш дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия баргузор шуда, дар он кормандони БДА дар Душанбе бо “имкониятҳо ва тартиби дурусти истифодаи таҷҳизоти муосир” шинос гардидаанд. Ҳамчунин, дар доираи барномаи мазкур, ба нозирони бозрасии милитсияи пойтахт 60 адад дурбинҳои дар бадан насбшаванда тақдим шудааст, ки ба иттилои расмӣ, “минбаъд зимни иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд”.

“Дастгоҳҳои мазкур иқтидори 24 соат бо сифати баланд сабт кардани навор бо садо буда, дар обу намӣ ва гармиву сардӣ мутобиқ гардонида шудаанд”, – навиштааст манбаъ.

Акс аз саҳифаи Телеграми пулиси Душанбе

Қаблан САҲА ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дасти кам 24 дурбине дода буд, ки бояд дар бадани кормандони БДА-и кишвар насб мешуданд. Он вақт аз БДА ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки ҳоло марҳилаи омӯзишӣ ҷараён дорад ва ба кормандони бозрасӣ тарзи истифодаи дурбинҳои назоратиро меомӯзонанд. Вале маълум нест, ки аз дурбинҳои мазкур дар кори нозирони роҳ истифода шуд, ё не.

Бояд гуфт, бархе аз ронандаҳо аз ҷой доштани фасод дар фаъолияти кормандони БДА ва дағалгуфториву бадрафтории онҳо нигаронӣ мекунанд. Мавридҳои ҷанҷоли нозири роҳ бо ронандаҳо дар пайи талаби пора низ расонаӣ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.