Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

asia+

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари серӯзаи давлатӣ ба Чин меравад. Ин сафар бо даъвати Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин сурат гирифта, аз 11 то 14-уми май давом мекунад. Дар доираи ин сафар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чинияш баргузор шуда, дар он ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва башардӯстона мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

– Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд озмуни шашмақомхонӣ баргузор мешавад. Он дар доираи ҷашнвораи “Ушшоқи раҳмонӣ” дар ин шаҳр доир шуда, ҳунармандони дастаҳои шашмақомхон, мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат, мусиқишиносони кишвар ва берун аз он, аз ҷумла, аз Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Фаронса иштирок мекунанд. Фонди умумии ҷоизаҳои озмун 28 ҳазор доллар (каме беш аз 261 ҳазор сомонӣ) буда, дар маросими ҷамъбастии ҷашнвора ба ҳар як ғолиб аз 2 то 7 ҳазор доллар тақдим хоҳад шуд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1936 – Шаҳри Ӯротеппа дар ҳайати вилояти Ленинободи ҶШСТ таъсис ёфт.  Ин шаҳр пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон, аз 10-уми ноябри соли 2000, номи таърихии Истаравшанро гирифт ва соли 2002-ум 2500-солагии он таҷлил карда шуд.

Соли 1979 – Ансамбли давлатии рақсии “Зебо” дар назди Кумитаи телевизион ва радио таъсис ёфтааст. Роҳбари аввалини он Зебо Аминзода буд, ки тавассути озмун 25 духтарро интихоб намуда, аз онҳо 10 нафари зебо ва боистеъдодро ба ҳайати ансамбл қабул кард.

Ин ансамбл бо ҳунарнамоии худ на танҳо дар Тоҷикистон, ҳамчунин берун аз он, дар паҳнои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ низ шӯҳратёр гардид. Зебо Аминзода барои хидматҳояш дар ин ансабл бо унвони Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардидааст.

Ин ансамбл ҳоло низ фаъолият мебарад.

Соли 2010 – Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоии аввалин китоби ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи нависандаи машҳур Шарлотта Бронте “Ҷейн Эйр” баргузор шуд.

Соли 2016 – Дар Пажӯҳишгоҳи давлатии дафни партовҳои радиоактивӣ ду анбори нав барои нигоҳдории манбаъҳои радиоактивӣ ифтитоҳ шуд. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Мавлуди Холиқ Мирзозода, адабиётшинос, мунаққид, доктори илми филология.

 

Мирзозода яке аз адабиётшиносони барҷастаи тоҷик буда, пиромуни масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, давраҳои адабиёт, назми гузашта ва имрӯзаи тоҷик, эҷодиёти адибони ҷудогона, таърихи адабиёт ва ғайра беш аз чорсад асару мақола, очерку тақриз навиштааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи китобҳои дарсии “Адабиёти тоҷик” барои мактабҳои миёна ва олӣ мебошад.

Холиқ Мирзозода дастпарвари Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, фаъолияти худро дар  Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко (Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) оғоз намудааст.

Солҳои 1940-1946 муаллими Техникуми духтаронаи Душанбе буд. Холиқ Мирзозода соли 1947 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Шевченко таъйин гардид ва қариб чил сол дар ин вазифа фаъолият бурд.

Ӯ 25-уми ноябри соли 1992 дар синни 81 даргузашт.

Соли 1951 – Зодрӯзи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), собиқ сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон.

 

Амонулло Ҳукуматулло Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро ҳамчун мудири мағоза оғоз ва баъдан дар корхонаи консервбарорӣ ва совхози боғу ангурпарварии ноҳияи Бохтар кор кардааст. Ҳамчунин, ӯ раиси Ширкати давлатии “Тоҷикнефтепродукт” будааст.

Амонулло Ҳукуматулло солҳои 1995–2000 вакили халқ дар Маҷлиси Олӣ буд. То моҳи январи соли 2002 раиси ҶДММ “Нафтрасон” буд. Аз моҳи январи соли 2002 то феврали соли 2014 ба ҳайси сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Соли 1951 – Мавлуди Азим Аминов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1952 – Зодрӯзи Ҷумъа Дӯст, шоири тоҷик.

Ҷумъа Дӯст аз ҷумлаи он адибоне буд, ки умри кӯтоҳ, вале пурмаънову пурбореро сипарӣ намуд. Ӯ 11-уми майи соли 1952 дар рустои Вешканди ноҳияи Айнӣ, дар хонадони деҳқони соҳибэҳтиром Бобои Дӯст ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ӯ ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, аз соли 1974 то лаҳзаи марги фоҷиавиаш дар шуъбаи адабии Радиои Тоҷикистон фаъолият намуд.

Моҳи ноябри соли 1986, дар айни камолоти эҷодӣ, бар асари садамаи нақлиётӣ дар мавзеи Лағҷи Сиёвардани Урметандеҳ дар садамаи нақлиётӣ ҳамроҳи аҳли оилааш аз олам чашм пӯшид.

Бо вуҷуди умри кӯтоҳ, Ҷумъа Дӯст осори гаронбаҳое аз худ ба ёдгор гузошт. Шеърҳои ӯ саршор аз меҳри инсон, модар, деҳа ва зиндагӣ мебошанд. Соли 1990 нашриёти “Адиб” маҷмуаи ягонаи ашъори ӯро бо номи “Гули баҳман” ба табъ расонд. Ба хотири гиромидошти номи шоир, соли 1987 мактаби миёнаи деҳаи Вешканд ба номи ӯ гузошта шуд.

Соли 1953 – Мавлуди Холмуроди Сиддиқ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

 

Холмуроди Сиддиқ, ки тариқи барномаи ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” дар дили мардуми тоҷик ҷо гирифтааст, хатмкардаи Институти театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав аст. Ҳунарпеша баъди хатми донишгоҳ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ба фаъолият пардохтааст.

Ӯ асосан нақшҳои ҳаҷвиро дар намоишномаҳо иҷро кардааст, аз ҷумла дар намоишномаҳои “Арӯс ва домод”, “Таронаи муҳаббат”, “Умед”, “Сухани вопасин”, “Саргузашти Ҳотами Той”, “Донаки сеҳрнок”, “Дар ҷустуҷӯи бахт”, “Нафси бад – балои ҷон”, “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст” ва дигар.

Яке аз ҳунармандони барномаи телевизионии ҳаҷвии “Лаҳзаҳои гуворо” аст.

Соли 2002 – Тағоймурод Хушвақт, Ҳофизи халқии Тоҷикистон дар синни 53-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Тағоймурод Хушвақт аз модар бино ба дунё омада буд, вале дар синни 8-моҳагияшон, баъди бемории “Гули чашм” нобино гаштааст. Ӯ истеъдоду нерӯи ҳофизаи афзун ва дарку эҳсоси баланди мусиқӣ дошт.

Овозхон солҳои 1970-1990 бо сароидани таронаҳои мардумӣ ва ирфонӣ бештар шуҳрат ёфт. Дар он давра таронаҳои ӯ пайваста аз радиову телевизион пахш мешуданд. Тағоймурод Хушвахтов дар ҳамин давра дар фестивали мусиқии “Фаҷр” дар Эрон иштирок кардааст.

Овозхон беш аз 600 тарона офаридааст. “Гардиши айём”, “Ту садбарги кадом боғӣ”, “Зулфи анбар”, “Манол, эй андалеб”, “Ранҷидаӣ”, “Айб макун”, “Нолаи модар” аз беҳтарин таронаҳояш мебошанд.

Мавсуф 8-уми майи соли 2002 дар 53-солагӣ бар асари сактаи дил даргузашт. Соли 2005 Кохи фарҳангу ҳунари ноҳияи Ёвон ба номи Тағоймурод Хушвақт гузошта шуд ва соли 2006 нимпайкараи ӯ дар назди ин кох насб гардид.

Соли 2020 – Руҳулло Ҳакимзода, раиси пешини бонки давлатии “Амонатбонк” аз олам даргузашт. Як рӯз пеш писараш Кароматулло фавтида буд. Он замон авҷи бемории КОВИД-19 буд, аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди онро дар кишвар инкор мекарданд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 11 май дар Амрико ҳамчун Рӯзи миллии “Бихӯр он чизеро, ки мехоҳӣ” (National Eat What You Want Day) ҷашн гирифта мешавад.  Ин рӯзро Томас Рой, ҳунарманди амрикоӣ ва ровии радио, бо ҳамсараш Рут Рой таъсис додаанд, ки бо ихтирои тақрибан 80 иди ғайрирасмӣ машҳуранд.

 

Мақсади ин рӯз фароҳам овардани имконият барои мардум аст, то як рӯз аз парҳезҳои сахт ва маҳдудиятҳои ғизоӣ озод шаванд ва бе эҳсоси хиҷолат хӯрокҳои дӯстдоштаи худро истеъмол кунанд.

11 майи соли 868 нусхаи чопии қадимтарини “Сутраи Алмосӣ” яке аз муҳимтарин матнҳои буддоии Маҳояна чоп шудааст ва ҳоло дар Китобхонаи Бритониёи Кабир нигоҳ дошта мешавад.

 

Он бо истифода аз чопи чӯбини блокӣ (woodblock printing) дар ҳафт қисм, ки ба як баста бо дарозии тақрибан 5 метр пайваст шудаанд, сохта шудааст. Он соли 1900 дар ғори №17-и маҷмааи ғорҳои Могао (Mogao Caves) дар наздикии шаҳри Дунхуан, Чин, аз ҷониби мунаҳҳиби даоистӣ Ванг Юанлу (Wang Yuanlu) кашф шудааст. 

11 майи соли 1927 дар меҳмонхонаи Biltmore Hotel дар Лос-Анҷелес Академияи санъати синамо ва илмҳои синамоии Амрико (Academy of Motion Picture Arts and Sciences, AMPAS) расман таъсис ёфт. Ин созмон бо ташаббуси Луис Б. Майер (Louis B. Mayer), роҳбари студияи Metro-Goldwyn-Mayer (MGM) бо мақсади муттаҳид кардани соҳаҳои гуногуни санъати синамо, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ва беҳтар намудани нуфузи ҷамъиятии синамо таъсис ёфтааст. 

Дуглас Фербенкс (Douglas Fairbanks) ҳамчун аввалин президенти Академия ва Фред Нибло (Fred Niblo) ҳамчун муовини аввал интихоб шуданд. Ҳамон шаб, ихтироъкор Томас Эдисон (Thomas Edison) аввалин узви фахрии Академия эълон гардид. 

 

Аввалин маросими ҷоизасупории Академия, ки баъдтар бо номи “Оскар” маъруф шуд, 16 майи соли 1929 дар меҳмонхонаи Hollywood Roosevelt баргузор гардид. 

11 майи соли 1964 бо қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ширкати давлатии сабти садои “Мелодия” (Фирма Мелодия) таъсис ёфтааст. Он ҳамчун ягона ширкати расмии сабти садо дар Иттиҳоди Шӯравӣ амал мекард ва тамоми студияҳои сабти садо, корхонаҳои истеҳсоли дискҳо ва шабакаҳои паҳнкунӣ дар саросари кишварро муттаҳид намуд. 

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад ва раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 22+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17º гарм, дар шарқи вилоят шабона -1+4º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 17+19º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 9+11º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 11 ба 12-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.