«Барқи тоҷик»: Реҷабандии истифодаи барқ шадидтар намегардад

            Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» баҳри таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ тамоми имконоти дар ихтиёр доштаашро истифода мебарад.             Тавре муовини аввали раиси ширкат Баҳром Азизов чанде қабл ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, реҷабандии истифодаи барқ, ки дар кишвар аз 28-уми январ ҷорӣ гардид, […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 31-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» баҳри таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ тамоми имконоти дар ихтиёр доштаашро истифода мебарад.





           

Тавре муовини аввали раиси ширкат Баҳром Азизов чанде қабл ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, реҷабандии истифодаи барқ, ки дар кишвар аз 28-уми январ ҷорӣ гардид, минбаъд шадидтар карда намешавад, баръакс, дар сурати афзоиши ҳаҷми ҷоришавии об ба обанбори Норак, он сабуктар хоҳад шуд. «Пас за реҷабандии истифодаи барқ ба сокинони пойтахти ҷумҳурӣ ба муддати 19-20 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад, ҳарчанд тибқи нақшаи реҷабандӣ ҳаҷми интиқоли он ба 15 соат муқаррар гардида бошад ҳам», – гуфт ӯ.




           

Ба қавли муовини раиси ширкат, вазъ танҳо дар сурати сардшавии сахту ногаҳонии обуҳаво, ки ҳаҷми ҷоришавии об дар рӯдхонаи Вахшро хеле кам месозад, метавонад мушкитар шавад. «Дар мавриди барқарорсозии транзити барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ ҳаминро гуфтаниам, ки мо дар масъалаи транзити барқ дар назди Ӯзбекистон қарздор нестем ва кунун низ тайёрем, ки маблағи муқаррарнамудаи онҳоро саривақт пардохт созем», – гуфт Б. Азизов ва афзуд, ки ҷониби Ӯзбекистон қатъи транзити барқи Туркманистонро ба мушкилоти техникӣ вобаста медонад ва Тоҷикистон омода аст, ин масъларо низ бо роҳи гуфтушунид ҳал намояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.