Душанбе. 14-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони
ҷ
умҳур
ӣ
нақшаи шудгор барои кишти тирамоҳии зироати ғалладона, картошка ва дигар сабзавотро барзиёд и
ҷ
ро карданд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 256 ҳазору
953 гектар
313,7 ҳазор гектар (122%) замин аз шудгор бароварда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, феълан дар майдони 227 ҳазору
653 гектар
кишти тирамоҳии зироати ғалладлона гузаронида шудааст, ки ба 92 дарсади нақша баробар аст. «Аз ин миқдор дар беш аз 213 ҳазор гектар гандум кишт шудааст ва ҳаҷми кишти гандум дар заминҳои обӣ аз 170 ҳазор гектари пешбинишуда дар 130 ҳазор гектар кишт шудааст», – гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки соли равон кишоварзони ҷумҳурӣ ният доранд, 1 млн. 260 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ба даст оранд.


