Ғ.Бобозода: Соҳаи саноат ягона соҳаи иқтисоди миллист, ки ба коҳиши ҳаҷми истеҳсолот дучор гашт

            Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба андозаи 4 дарсад коҳиш ёфт.             Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки соли 2008 дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба маблағи 5 млрд. 905 млн. сомонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 9-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба соли 2007 ба андозаи 4 дарсад коҳиш ёфт.





           

Дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовара вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки соли 2008 дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон ба маблағи 5 млрд. 905 млн. сомонӣ (1,712 млн. $) маҳсулоти саноатӣ тавлид гаштааст.




           

Дар шарҳи коҳиши истеҳсолот дар соҳаи саноат Ғ.Бобозода гуфт, ба чунин вазъ бӯҳрони энергетикии аввали соли 2008 боис гаштааст, зеро он замон аксари корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, кормандон ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шуда буданд.




           

«Соли 2008 бар асари бӯҳрони энергетикӣ аз 781 корхонаи саноатӣ танҳо 465 корхона пурра фаъолият намуда, дар 233 корхона ҳаҷми истеҳсолот коҳиш ёфт ва 93 корхона умуман аз фаъолият бозмонданд», – таъкид сохт вазир ва афзуд, ки соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли алюминий, пахта ва семент ба таври назаррас кам шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.