Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон бори нахуст дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон донишҷӯён ба магистратура дохил шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси раёсати таълимӣ-методии донишгоҳи мазкур Ношботи Гуломадшоев хабар дод, дараҷаи магистрант дар шаш самт – таърих, фарҳангшиносӣ, минтақашиносӣ, факултаи «Таърих ва муносибатҳои байнулмилалӣ», филология, лингвистика ва журналистика ҷорӣ гардидааст.
«Айни замон фармони ректор дар бораи қабули магистрантҳо ба факултаи «Таърих ва мунсибатҳои байнулмилалӣ» ба имзо расид, – гуфт Н. Гуломадшоев. – Ба шӯъбаи минтақашиносӣ 7, фарҳангшиносӣ – 5 ва таърих 3 нафар магистрантҳо қабул шуданд».
То кунун дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон пас аз таҳсили панҷсола дипломи мутахассис дода мешуд. Феълан дар шаш шӯъбаи зикршуда баъди 4 соли таҳсил маълумоти олии дараҷаи бакалавр дода мешавад. Пас аз он метавон ба магистратура дохил шуд. Муддати таҳсил дар магистратура 2 сол аст.
Дар ҳамин ҳол, пагоҳ, 16-уми сентябр, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷашни 15-умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил менамояд. Дар чорабиниҳои идона бахшида ба ин ҷашн президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.