Душанбе. 11-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Оҷонсии иттилоотии «24.
kg
» бо истинод ба гуфтаҳои муовини директори департаменти ҳамкории байнуулмилалии Вазорати энергетикаи Русия Михаил Плешкин хабар медиҳад, ки Русия Тоҷикистону Қирғизистонро дар рушди бахши гидроэнергетикаи минтақаи Осиёи Марказӣ шарикони асосӣ арзёбӣ менамояд.
Ба иттилои оҷонсӣ, М.Плешкин дар конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Ҳамкории иқтисодии кишврҳои Осиёи Марказӣ бо Русия: вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамо», ки дирӯз дар Бишкек ба кор шурӯъ намуд, ба ин нукта ишора кардааст.
Ба қавли ӯ, чунин самти сиёсати Русия бо он шарҳ дода мешавад, ки ин ду кишвар дорои захираҳои асосии гидроэнергетикии минтақа мебошанд. Дар ҳамин ҳол, М.Плешкин таъкид сохтааст, ки дар ин самт ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон афзалияти бештар дода мешавад, зеро аз рӯи иқтидори захираҳои обиву энергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон мақоми 8-умро ишғол менамояд ва рушди ин соҳа аз ҷиҳати манфиати иқтисодӣ мувофиқи мақсад аст. «Вале дар Тоҷикистон ҳамагӣ 6,5 дарсади иқтидори гидроэнергетики ҷумҳурӣ истифода мешавад», – гуфтааст ӯ.
Русия рушди бахши гидроэнергетикаро дар Қирғизистон низ ҷиҳати рушди иқтисодии ин кишвар муҳим мешуморад ва дар Қирғизистон низ аз иқтидорҳои бузурги мавҷуда ба таври бояду шояд истифода намешавад.



