Раиси ҲСДТ: Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни Тоҷикистон асар хоҳад гузошт

Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳаёти тоҷикистониён асар хоҳад гузошт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки алҳол бӯҳрони молиявӣ ҳам ба низоми молиявии ҷумҳурӣ ва ҳам кисаи шаҳрвандон таъсири мусбат расонида […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 10-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бар ин назар аст, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ҷабҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳаёти тоҷикистониён асар хоҳад гузошт. Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки алҳол бӯҳрони молиявӣ ҳам ба низоми молиявии ҷумҳурӣ ва ҳам кисаи шаҳрвандон таъсири мусбат расонида истодааст. «Тоҷикистон истеҳсолкунандаи маводи асосии (дар марҳилаи кунунӣ!) марбут ба бӯҳрон, аз ҷумла маводи сӯзишворӣ ва захираҳои дигари энергетикӣ нест ва ин муваққатан ба манфиати Тоҷикистон аст», – гуфт ӯ.




Ба ақидаи Р.Зойиров, Тоҷикистон алҳол дорои низоми аз ҷиҳати истеҳсолӣ таъминбудаи молиявӣ нест. Дар идомаи сӯҳбаи ӯ чунин баён дошт: «Низоми молиявии мо худкифо нест ва он аз маблағҳои беруна ва асосан аз маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ «таъмин мегардад». Коҳиши андозаи маблағҳои воридотӣ аз хориҷа ба фаъолияти низоми молиявӣ ҳам асари манфӣ хоҳад гузошт. Дар як вақт иқтисод ноустувор гашта, коррупсия густаришу таҳким хоҳад ёфт. Чун натиҷаи бӯҳрони молиявӣ амволи ғайриманқул ва масолеҳи сохтмон арзон мешаванд, зеро норасоии воситаҳои молиявӣ ба мушоҳида хоҳад расид».



Раиси ҲСДТ чунин пешбинӣ мекунад, ки минбаъд таъсири равонӣ ба одамон шадид мегардад, зеро мушкилоти хароҷоти «оқилонаи» воситаҳои мавҷуда ба миён меояд. «Боз мушкилоти одамони камбизоат зиёд шуда, ба қишрҳо ҷудошавии ҷомеа меафзояд», – мегӯяд Р.Зойиров.



Ба гуфтаи Р.Зойиров, бӯҳрони молиявӣ ҳаққонӣ ҷаҳонӣ набуда, гузашта аз ин, дар як вақт дар тамоми ҷаҳон доман паҳн накардааст. «Он интихобӣ буда, бештар соҳавист ва вобаста ба он, ҷараёни паҳншавии он дар минтақаҳо босуръат ё тадриҷан сурат хоҳад гирифт», – гуфт дар анҷом сиёсатмадор.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.